Дар Масҷиди ҷомеъи Маскав ба муҳоҷирони шаҳр дар тўли якчанд сол забони русӣ ва асосҳои ҳуқуқиро таълим медиҳанд, - хабар дод роҳбари хадамоти матбуотии Шўрои муфтиҳои Русия Гулнур Газиева ба мухбири портали «Русия барои ҳама».

«Дар назди Масҷиди ҷомеъи Маскав соли аввал нест, ки дарсҳои забони русӣ ва асосҳои ҳуқуқӣ барои муҳоҷирон гузаронида мешаванд. Машғулиятҳо рўзҳои якшанбе мегузаранд. Баъзан онҳо дар ҷойҳои сукунати муҳоҷирон гузаронида мешаванд. Дар ин ҳолат мо бо Хадамоти Федералии Муҳоҷирати Русия ҳамкорӣ менамоем ва ба хобгоҳҳо меравем» - изҳор кард Гулнур Газиева.

Ў илова кард, ки аз рўи барномаи «Адалят» ба муҳоҷирон кўмаки ройгони ҳуқуқӣ инчунин расонида мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо пардохт гирифта мешавад, аммо ин танҳо дар сурати корҳои мураккаб, ки вақти зиёдро талаб мекунанд.