Намоиши навбатии лоиҳаи ҳуҷҷатии театрии «Маҳавҳо», ки ба зиндагии бехонумонҳо ва режиссёр Мир Зафар бахшида шудааст, 27 июл дар ҳавлии калисои Миргород, дар маркази Санкт-Петербург баргузор мегардад.

Монолог ва диалоги Мир Зафар дар иҷрои ҳунарманд Пётр Семак садо медиҳад. Худи Мир Зафар низ дар паҳлўяш буда, ўро ҳамроҳӣ менамояд.

Аз ҳаёт ва фаъолияти нависандаи тоҷик интернет-портали «Русия барои ҳама» дар маводи худ муфассал маълумот медиҳад.

Таърихи Мир Зафар моҳи май дар расонаҳои хабарӣ паҳн гардид. Аз ҳаёти ў донишҷўи Донишгоҳи теле коммуникацияи шаҳри Санк-Петербург ба номи М.А.Бонч-Бруевич Александр Гушин нақл кард.

Ба гуфти ў бори аввал ўро дар борони сахт дар кўчаи марказии шаҳр вохўрда, ба ў чатрашро додааст. Бори дуввум ўро зимистон дида, ба ў курпаи муинагӣ ҳадья намудаст ва хўрокворию тамоку низ харидорӣ намудаст.

Баъди шиносоӣ бо ў аз ҳаёту саргузашташ воқиф гардида, ба сомонаҳои иҷтимоии «Вконтакте», «Одноклассники» ва ғайра эълон дода, дар ҷустучўи хешу табор ва шиносҳояяш пардохт.

Маълум шуд, ки бараҳмани ҳиндустонӣ табори тоҷик буда, дар 18 солагӣ ба ватан омада, муқими Ёвони Тоҷикистон будаст.

Баъдан дар Донишгоҳи кинои умумирусиягӣ таҳсил намуда, бо худи Георгий Товстоногов шиноси наздик будаст. ў шаҳрванди Русия буда, дар Ёқутистон зиндагию фаъолият дошта, дар соҳаи фарҳанг солиёни дароз кор кардаст. Соҳиби писар буда ў ҳоло дар Иркутск зиндагӣ дорад.

Аз воқеа намояндаи РОО «Нур» Аслишо Акимбеков, сафорати Тоҷикистон дар Русия бохабар гардида, барои кумакаш пардохтанд.

Мир Зафар наависандаи боистеъдод буда, якчанд намоишнома ро рўи саҳна оварда, муаллифи асраҳои зиёде мебошад.

Ба Санкт-Петербург барои чопи асараш омада, ҷиҳати ба инсултгирифтор шуданаш ба хотира гумкунӣ ва аз ҳаракат мондани дасту пой ва забон мубтало гаштаст. Ў дар кучаҳои шаҳр ба мушкилии зиёд гирфтор шуда, чандин бор лату кўб хурдаст.

Бо вуҷуди аз зиндагӣ ноумед гаштанаш ў бо миннатдорӣ ёрдами одамони ношиносро ба ёд оварда, бо ин васила тавонист, зинда монад.

Айни ҳол сафорати Тоҷикистон барои бо ҳуҷҷат таъмин намуданаш кор бурда, барои ба хона баргаштанаш ёрии моддӣ расонда истодааст.

Дар ин давра Мир Зафари бехудо якбора дарёфт, ки ба Худо бовар намудан қувваи бузург ба кас мебахшад. Акнун ў ба Худо боварӣ ва ихлоси калон дорад.

Намоишнома бо у аллакай дар вохурӣ бо мухлисонаш огоз ёфта, он ҷо аз ҳар хусус сўҳбат баргузор гардид. На ҳама вақт ўро мефаҳмиданд ва ин маҳз ўро хурсанд кард. «Худоё, хушҳолам, ки на ҳеҷ касе аз шумо маро нафаҳмид».