Нахустнамоиши чаҳонии филми коргардони 24-солаи тоҷик Руми Шоазимов «Хоби бўзина» дар чорчўбаи фестивали VI «Канори сайёра» дар Сахалин намоиш дода мешавад.

Филм аз рўи асари нависандаи англис Уилям Ҷекобс «Панҷаи бўзина» ба навор гирифта шуда, он ба панҷаи сеҳрноки маймун, ки аз рўи ривоят ба дорандаи он се мақсадашро амалӣ мекунад, бахшида шуда, дар бораи он нақл мекунад, ки ҳатто панҷаи сеҳрнок низ омоли он шахсеро иҷро карда метавонад, ки агар ў ба касе ягон чиз дода бошад.

Шоазимов мегўяд, ки кори филм нав ба анҷом расида, он дар Душанбе ба навор гирифта шуда буд.

«Мо кўшиш намудем, ки тамошобин ҷои банаворгирии онро пай набарад. Барои ин ман рассомро маҷбур кардам, ки дарахту гул шинонад ва ҳатто гўри навро дар ҷои нобоб сохтем», — иброз дошт коргардони филм.

Ў ҳамчунин иброз дошт, ки ғолибият барояш муҳим набуда, асос иштирок дар фестивал мебошад.

«Зеро аз хурдӣ ман орзуи дидани ин мавзеъро доштам», — гуфт Шоазимов.

Дар филм нақшҳои асосиро Баҳодур Миралибеков, Сиёвуш Раҳматуллоев ва Зулфия Содиқова иҷро мекунанд. Продюсери филм Носир Саидов буда, он дар студияи «Точикфилм» ба навор гирифта шудаст.

Дар Душанбе филм моҳи октябр дар фестивали «Дидор» намоиш дода мешавад.