Нушофарин Ғиёсова, як тоҷикдухтар, ки макбати миёнаро дар вилояти Твер бо медали тилло ва мадраки сурх хатм намуда, беҳтарин хатмкунандаи вилоят эътироф шуд, донишҷӯи Академияи тиббӣ гардидааст, иттилоъ медиҳад ОИ «Озодагон»

Вақте дар поёни соли хониши сипаришуда ӯро беҳтарин хатмкунанда эълон карданд, зикр шуд, ки барои шомил шудан ба дилхоҳ муассисаи олии Русия имтиёз хоҳад дошт.

Ба қавли Нушофарин, ӯ таҳсилро дар Академияи тиббии шаҳри Тверро интихоб кард ва ҳоло донишҷӯйи ин мактаби олии бонуфузи Русия мебошад. Ба гуфти вай, дар ҳоле, ки бисёре аз сокинони таҳҷойии Русия наметавонанд дар ин даргоҳ таҳсил кунанд, барояш бисёр ифтихорангез аст, ки тавонист бидуни имтиҳон ва ба таври ройгон ба ин даргоҳ ворид шавад.

Нушофарин Ғиёсова дар Душанбе таваллуд шудааст. Хонаводаи ӯ соли 2001 ба Русия муҳоҷират мекунад ва вай таҳсилро дар Русия шурӯъ мекунад. Падари Нушофарин Сайидалӣ Ғиёсов мегӯяд, аслан дар ноҳияи Ванҷ зода шудааст ва солҳои қабл аз муҳоҷирати хонаводагӣ дар Душанбе зиндагӣ мекарданд: «Чун кори дурусту мувофиқе дар Душанбе пайдо нашуд, маҷбур шудем ба Русия биоем».

Вазорати маорифи вилояти Твер бо фармони вижа номи Нушофаринро барои соҳиби медали тилло ва мадрак (аттестат)-и сурх шудан, 28 июни соли равон ба Китоби Ифтихории хатмкунандаҳои мактабҳои ҳамагонӣ ворид кардааст. Губернатори вилояти Твер ҳам бо ирсоли як сипоснома падару модари ӯро табрик кардааст.

Ба қавли модари Нушофарин Замира, онҳо соҳиби ду фарзанданд ва фарзанди дуввуми онҳо - Фараҳнӯш низ бо баҳои аъло таҳсил мекунад: «Роҳбарият ва муаллимони мактаб доим мегӯянд, ки фарзандони шумо ифтихори мактаби мо ҳастанд. Ҳамчунин муносибати ҳамсояҳо бо мо ва кӯдакони маҳалӣ бо фарзандони мо бисёр дар сатҳи хуб аст. Ман фикр мекунам агар кӯдакони мо, дар ин ҷо, дар муҳоҷират битавонанд аз худ шоистагӣ нишон диҳанд, муносибат бо онҳо дигаргуна мебошад».

Хонаводаи Сайдалӣ шаҳрвандии Русияро доранд. Ба гуфтаи ӯ, шояд таҳсили хуби фарзандонаш аст, ки ҳеч гоҳе бо муносибати миллатгароёнаи мардуми маҳаллӣ рӯбарӯ нашудаанд. «Духтари ман бо ҳиҷоб ба дарсҳо мерафт ва ин фарҳанг дар Русия чандон пазируфта нест, вале ҳамсинфонаш бо ӯ муносибати хубе доштанд»,— мегӯяд Сайдалӣ Ғиёсов.

Ба гуфтаи волидони Нушофарин, Русия ба хонандаҳои боистеъдод имкони лозим медиҳад, то рушд кунанд: «Умедвор ҳастем, ки дар Ватани асосии мо, Тоҷикистони азиз низ чунин имконот барои хонандаҳо фароҳам шавад ва онҳо шахсияти худро бисозанд».