Рахим Азимов дар интихоботи 18 сентябр баргузор шуда дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи вилояти Киров 51,2 фоизи овозҳоро гирифта, намояндаи Думаи давлатии Русия интихоб гардид. То ҳол ягон тоҷикистонӣ ба ин мақоми баланди Русия мушарраф нагардида буд.

ў соли 2000-ум дар интихоботи президентӣ шахси боэътимоди Владимир Путин буда, аввали ин сол аз ҷумҳурии Коми намоянда дар сенати Федератсияи Русия  буд.

Рахим Азимов 12 августи соли 1964 дар шаҳри Исфараи Тоҷикистон дар оилаи коргар - иштирокчии Ҷанги Бузурги ватанӣ ба дунё омада, баъди хатми донишкадаи кўҳии ба номи Плеханови ш.Ленинград дар соҳаи кўҳкории конҳои гуногуни Русия адои вазифа намудаст.

Оиладор, соҳиби се фарзанд.