4 октябр дар саҳифаи расмии худ дар Инстаграм сарояндаи машҳури Русия Александр Буйнов дар бораи корнамоии тоҷикписар Акбар, ки барои ёфтани саги гумшудааш ба ў кўмак расонд, хабар дарҷ намуд.

«Дина саги кўҳансоли ман Маша бо пешхитзмат ба сайр баромада, аз чизе харосида ғайб зад», — мегўяд Александр Буйнов. 

Ба қавли сароянда, вай ба борони шадид ва торикӣ нигоҳ накарда, тамоми маҳалларо бо ҳамаи тангкўчаҳояш давр зад, вале ҳамааш бе натиҷа буд.

«Нисфи шаб ба як қаҳвахонаи сари роҳ аромада, аз ҷавонони дар он ҷо шишта пурсон шудам, ки сагро диданд ё не? Яке аз ҷавонҳо бо номи Акбар рақами телефонамро гирифта, ваъда дод, ки кўмак мерасонад.

Ба хона баргашта аз фикри саги гумшудаи пир хобам набурд ва баъди дуву ним соат занги телефон садо дод ва шахси зангзада хабар дод, ки саги шуморо ба фикрам ёфтам», — менависад Буйнов.

Вай тез бо мошин ба ҷои ҳодиса рафта, дидаст, ки Акбар натанҳо сагро ёфтаст, балки дар курткааш онро печонда, пои маҷруҳашро бастааст.

«Баъди миннатдори баён намуданам ба Акбар хостам маблағи хизматашро пардохт намоям, вале ў маблағро бе ҳеч ваҳҷ гирифтан нахост ва ман базўрӣ маблағро ба кисааш тиққондам», — мегўяд ҳунарманд ва афзуд: — Ана чӣ гунаанд ин тоҷикҳо.

Дар давоми руз дар сомонаи сароянда зиёда аз ҳазор дўстон ва ҳаводоронаш ба ў сиҳатии сагашро хоста, ба Акбар ташаккур баён намуданд.