Дустони азиз!

Баъди чор соли фаъолияти интернет-портали мо тасмим гирифтем, ки «симо»-и онро нав намоем.

Дастаи касбии ороишгарон бароямон барои ба симои лоиҳа навгонӣ дохил кардан услуби навро кор карда баромад.

Логотипи нави «Русия барои ҳама» шакли схематикии хўшаи ҷавро таҷассум менамояд, ки ифодагари ягонагии халқҳои гуногуни ҳамчун донаҳои алоҳида дар хўша ҷамъшударо нишон медиҳад. Хўша принсипи асосии лоиҳаи моро, ки ҳамбастагии халқҳои гуногун, баробархуқуқии онҳоро дар ҳали масъалаҳои умумӣ, ягонагии умумиро ифода мекунад.

Худи сомона хеле сабук гашта, дар он барои муҳокимаронӣ фазо ва ҳавои зиёдтар пайдо гардид. Ҳамзамон мо кўшиш кардем, ки сохтори ҷой додани маводҳоро ба тарзи анъанавӣ барои истифодабарон нигоҳ дорем. Ҳамаи ин дар навбати аввал ба хотири ба лоиҳа додани нерўи нав рохандозӣ гардид. Маводҳои рўзноманигории  мо (аз хурдтарин хабарҳо то таҳлилии ҷиддӣ ва мусохибаҳо) дар сатҳи баланди касбии пештара боқӣ мемонад.

Мо хушҳол мебудем, агар дар тўли чор соли бо ҳам будан мо бароятон чизҳои аҷоибро пешкаш намуда бошем, хонандагони азиз. Дар оянда ҳам бароятон хизмат хоҳем кард!

Радик Амиров

Сармуҳаррири интернет-портали «Русия барои ҳама»