Ба гуфти сардори ШАХСШИ ноҳияи Алексадровскии вилояти Владимир Екатерина Белоус, оилаи Ҷўраевҳо ба онҳо дар бораи иваз намудани номи Расули дусола, ки дар Маскав тавлид ёфтааст, муроҷиат намуд.

«Мо ба Маскав муроҷиат намуда, аз он ҷо ҷавоби розигиро гирифта, хоҳиши оилаи Расули дусолаи тоҷикистониро дар бораи  иваз намудани номаш ба Путин қонеъ намудем», — иброз дошт Белоус ба РИА Новости. Акнун ў номи Путин Ҷаҳонгирович Ҷўраевро дорад.

Ин хоҳиши бобояш, ки мухлиси зиёди президенти Русия Путин мебошад, ба ҳисоб меравад.