Имсол кушодашавии консулгарии генералии Тоҷикистон дар Санкт- Петербург дар нақша аст, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо ишора ба намояндаи ВКХ Россия дар пойтахти шимолии Русия Владимир Запевалов.

«Ин манфиати ҷонибҳоро ифода мекунад. Зеро дар минтақа теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон рў ба афзоиш ниҳодааст ва боиси сар задани ҳар гуна нофаҳмиҳо мегардад. Бо кушодашавии ин консулгарӣ ин моҷароҳо ҳалли худро меёбанд», — афзуд дипломат.

Ба мақомот инчунин аз ҷониби давлатҳои Уругвай, Мексика, Шри-Ланка дархостҳо дар бораи кушодани намояндагии фахрии консулгарии генералӣ пешниҳод гардиданд.

Ҳозир дар Санкт- Петербург 34 консулгарии генерали, чор шуъбаи сафоратхонаҳо ва 33 намояндагии фахрии консулгарӣ амал менамоянд.