Дар Донишгоҳи Дўстии халқҳои Маскав намоиши китоби забони русӣ барои хориҷиёне, ки аз забони русӣ имтиҳон месупоранд ва барои фарзандонашон, ки дар мактабҳои русӣ мехонанд, баргузор шуд.

Муаллифони мавод ва забондонҳои ДДХР боварӣ доранд, ки он барои шахсони имтиҳонсупоранда кўмаки амалӣ расонда, дар кори ба шароит мутобиқ шуданашон ёрии калон мерасонад.

«Вақтҳои охир мо барои муҳоҳоҷироне, ки бо оилаашон ба Русия меоянд, маводи бисёре омода месозем. Зеро боҳам пайвастани мардум танҳо бо донистани забон имконпазир аст. Мо китоби «Дониш ва донишомўзӣ» ва «Афсонаҳои ДДХР»-ро нашр намудем, ки барои модарон кўмак мерасонад», — гуфт Владимир Дронов.

Ба гуфти ў, шарт нест хориҷӣ дар Русия рус шавад, асосаш ў бояд забону таърихи русиро донад.

Профессори Донишгоҳ Наталя Помортсева қайд намуд, ки маводи мазкур дар хориҷа обрўи зиёд пайдо намуд.

© М. Душанбеева, «Россия для всех»
В РУДН состоялась презентация учебников для мигрантов

ў қайд намуд, ки китоб на ин ки барои кўдакон, балки барои донишҷуён низ маводи осони омухтани забони русӣ мебошад. Маводҳо ба забонҳои тоҷикӣ, узбеки, куреяги, хитои ва ғайра тарҷума шудаанд.

Масалан, агар омўзгорони Тоҷикистон ин маводро дар корашон истифода баранд, дигар ашёи аёнӣ лозим нест, зеро он метавонад ҷои он ҳамро пурра намояд.

Дар Осиёи Миёна фақат  Қирғизстон ба ин мавод он қадар ниёз надорад, зеро дар ин ҷо мақоми забони русӣ аз аввал баланд буда, он давлатӣ мебошад ва маскунонаш забони русиро хуб медонанд.

Донишгоҳ тасмим гирфт, ки минбаъд мавод дар шакли электронӣ ба табъ расад.

Талабот оид ба имтиҳонсупории хориҷиён аз соли 2015 ба миён омад, ки тибқи он бояд муҳоҷир пеш аз ба кор қабул шудан бояд имтиҳони донистани забон, таърих ва ҳуқуқӣ русро супорад.

Бо мадади молиявии Депортаменти сиёсати миллӣ ва равобити минтақавии шаҳри Маскав ба нашр расидаст