Шарҳи намояндаи Идораи тандурустии шаҳри Маскав:

Тибқи қонуни федералӣ аз 29.11.2010 таҳти №326-ФЗ «Дар бораи суғуртаи ҳатми тиббӣ дар ФР» ба ҳайси шартҳое, ки аз рӯи он фардони ҳуқуқиро ба категорияи эминкардашуда дохил мекунанд, метавон шартҳои зеринро номбар кард: маҳсубият ба ин ё он шаҳрвандӣ, будубош дар ФР, ҳолати кор (бо кор таъмин ё бекор будан), намуди касб (коргари кироя, соҳиби кори хусусӣ, нотариус ё адвокати хусусӣ, узви хоҷагии деҳотӣ (фермерӣ) ва ғайра будан), мақоми гуреза доштан, ва ё мутахассиси баландсоҳа будан, ва инчунин шахси бекор будан.

Аз моддаи 14 қонуни федералии аз 15 августи соли 1996 №114-ФЗ «Оиди тартиби ворид шудан ба ФР ва хориҷ шудан аз ФР» бармеояд, ки пардохти хизмати тиббӣ аз рӯи шартҳои дар полиси суғуртаи тиббӣ муайаншуда ба ҷо оварда мешавад.

Шаҳрванде, ки мақоми иқоматкунандагиро дар қаламрави ФР ба даст овардааст ва қайди худро дар даст дорад, ба ширкати суғуртавии масъул метавонад муроҷиат намояд ва ҳамон замон полиси суғуртаи ҳатмии тиббиро (СҲТ) ба даст оварад, барои гирифтани хизмати тиббӣ ба ташкилоти маҳаллии тиббӣ аз рӯи ҷои зисташ номнавис шавад. Чунин полис ба шахс имконият медиҳад дар давоми доштани қайди иқоматиаш аз ҳама намуди хизматрасонии тиббӣ истифода кунад.

Инчунин дар ин ҳуҷҷат пешбинӣ карда шудааст, ки фарди дар қаламрави ФР муваққатан ҳузурдошта ва иқоматдошта метавонад кафолати шахси ҳуқуқии даъваткунандаро барои истифода аз он дар ҳолати ба вучуд омадани зарурияти пардохти маблағи хизмати тиббӣ дошта бошад, ва ё шаҳрванд метавонад мустақилона, ба воситаи харидани полиси суғуртаи ҳатмии тиббӣ (СҲТ) маблағхоро худ пардохт намояд, ва ё хизмати тиббии пулакӣ истифода намояд.

Суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (СИТ) - намуди суғуртаи шахсиест, ки дар ҳолати ба вуҷуд омадани ҳодисаи суғуртавӣ, гирифтани хизмати сифатноки тиббиро ва пардохт шудани ҷубронпулии масрафҳои мансуб ба харидани дорувориро аз ҳисоби муассисаҳои мухассас ба монанди ширкатҳои суғуртавӣ кафолат медиҳад.

Полиси СИТ-ро ҳамаи ташкилотҳое, ки соҳиби иҷозатномаанд, метавонанд пешкаш кунанд. Бо ин ҳуҷҷат суғуртакунанда маҷмўи муайяни хизматҳоро ва муассисаҳои тиббиро пешниҳод мекунад, ки метавонанд он хизматҳоро пешниҳод намоянд. Ба ақидаи роҳбарони ширкатҳои пешқадами суғуртавӣ, нархи полис барои муҳоҷирон дар як сол бояд 10-20 ҳазор рублро ташкил диҳад.

Барои мутахассисони баландихтисосе, ки шаҳрвандии хориҷӣ доранд, чунин полисҳои СИТ-ро худи кордиҳанда маблағгузорӣ мекунад. Вале дар бисёри мавридҳо муҳоҷирон соҳиби кори баландмаош нестанд ва кордиҳандагон ҳавасманд нестанд, ки маблағи суғуртаи СИТ-ро пардохт кунанд.