Шаҳрванди Русия набуда, чӣ тавр иҷозатнома барои фаъолиятро гирифтан мумкин аст? (Али Гасанов, Гюмрӣ)

Адвокатҳои Оҷонсии иттилоотии ҳуқуқӣ ва судии Русия посух медиҳанд (РАПСИ):

Агар Шумо ба Федератсияи Русия қонунӣ дар тартиби бераводид ворид шудаед ва барои сукунат дар Русия иҷозат доред, иҷозатномаи фаъолияти кориро дар мақомотҳои ХФМ гирифта метавонед.

Рўйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ чунин аст:

  1. Ариза оиди додани иҷозатнома барои фаъолият ба шаҳрванди хориҷӣ (тарафи намо ва дуюми он), ки ба Федератсияи Русия дар тартиби бераводид ворид шудааст;
  2. Баргаи ариза ба забони русӣ бо ҳарфҳои чопӣ ё дар шакли электронӣ пур карда мешавад. Ҳангоми ин истифодаи калимаҳои кўтоҳшуда ва ихтисораҳо мумкин нест.Маълумоте, ки дар ариза нишон дода шудааст, бояд пурра бошад. Расми рангаи 30х40 мм дар баргаи ариза дар хонаи мутобиқ ширеш бояд карда шавад;
  3. Ҳуҷҷати шаҳодатдиҳандаи шахсияти шаҳрванди хориҷӣ ва дар қаламрави Федератсияи Русия дар ин сифат эътирофшуда;
  4. Ҳуҷҷат дар бораи пардохтани боҷи гумрукӣ барои додани иҷозатномаи фаъолият ба шаҳрванди хориҷӣ ба андозаи 2000 рубли русӣ;
  5. Корти муҳоҷиратӣ.

Ариза оиди додани иҷозатномаи фаъолият шахсан аз ҷониби шумо ё тавассути ташкилоте, ки бо ҷойи кор таъминкунии шаҳрвандони хориҷиро дар тартиби муқарраргардида амалӣ менамоянд, ё тавассути шахсе, ки тибқи қонунгузории шаҳрвандии ФР ба сифати намояндаи ин шаҳрванди хориҷӣ баромад мекунад, ба мақомотҳои муҳоҷиратӣ бояд пешниҳод карда шавад.

Мўҳлати барасмиятдарории иҷозатномаи фаъолият - 10 рўзи корӣ.