Ба наздикӣ дар шаҳри Маскав ба Донишгоҳ дохил шудам. Оё ман метавонам дар ин ҷо барои гирифтани ҳуқуқи рондани нақлиёт таълим гирам? (Гусейн Арифов, Газах)

Адвокатҳои Оҷонсии иттилоотии ҳуқуқӣ ва судии Русия посух медиҳанд (РАПСИ):

Мўҳтарам Гусейн Арифов! Тибқи қоидаҳои супоридани имтиҳонҳои тахассусӣ барои гирифтани ҳуқуқҳои ронандагӣ шахсоне, ки дар қаламрави Федератсияи Русия муваққатан сукунат доранд ва ҳуқуқҳои ронандагии хориҷии миллӣ надоранд, додани шаҳодатномаи ронандагии Русия дар асосҳои умумӣ ба мўҳлати бақайдгирии ҳуҷҷатҳои будубоши муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Рсия амалӣ мешавад. Яъне, таълим гирифтан ва гирифтани ҳуҷҷати ҳуқуқи ронандагӣ дар ин ҷо шумо метавонед, аммо онҳо танҳо дар мўҳлати амали бақайдгирии шумо амал хоҳанд кард.