Барои муҳоҷирон чӣ гуна имтиёзҳо мавҷуданд? (Джайҳун Самедов, Мингечаур)

Адвокатҳои Оҷонсии иттилоотии ҳуқуқӣ ва судии Русия посух медиҳанд (РАПСИ):

Мўҳтарам Джайҳун Самедов! Агар шумо шаҳрванди кишваре, ки ба ИДМ дохил мешавад, ҳастед, ҳангоми барҳамхўрӣ ва азнавташикилшавии корхонаи корфармо барои шумо тибқи қонунгузории ФР «Оиди коргарони аз кор озодшуда» имтиёзҳо ва ҷубронҳо мавҷуданд. Дар ин ҳолат шумо бояд ба ватан аз ҳисоби корфармо равон гардед. Ин имтиёзро ба шумо Аҳднома оиди ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар доираи ИДМ баста шудааст, муҳайё мекунад.