Савол: Кадом роҳҳои тезтар ба даст овардани шаҳрвандии Федератсияи Русия мавҷуданд, агар яке аз волидайн шаҳрванди ФР бошад? Кўдак чор сола аст, шарт аст барои муоинаи тиббӣ гузаштанаш?

Анора Абдуллоева

Ҳуқуқшинос Баҳром Исмоилов ҷавоб медиҳад:

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни федералии  «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Русия»

1.Кўдак ҳангоми таваллуд шаҳрвандии Ҷумҳурии Русияро доро мегардад, агар:

а) агар волидайн, ё яке аз онҳо шаҳрванди Федератсияи Русия( новбаста аз ҷои таваллуд) бошанд;

б) яке аз волидайн шаҳрванди Федератсияи Русия буда, дигараш шахси бешаҳрванд, ё номаълум ва ғайбзада (новобаста аз ҷои таваллуди кўдак) бошад;

в) яке аз волидайн шаҳрванди Федератсияи Русия буда, дигараш хориҷӣ мебошад, ба шарте кўдак дар қаламрави ФР таваллуд ёфтааст, дар дигар маврид ў бетабаъа ба ҳисоб меравад;

г) волидайн ҳар ду шаҳрванди хориҷӣ буда ё бетабаъа мебошанд ва кўдак дар қаламрави Федератсияи Русия таваллуд ёфта, давлате, ки волидайн шаҳрвандаш мебошанд, шаҳрвандиашро ба кўдак намедиҳад.