Сарфарзанди Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон рӯзи якшанбе, 29 май ба ҳайси вакили Маҷлиси миллӣ интихоб шуд.

Дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки рӯзи 14 апрел доир гардида буд, Раҳмон Озода Эмомалӣ якдилона ва бидуни алтернатива номзад ба аъзогӣ дар палатаи болоии парлумон пешбарӣ шуда, комиссияи интихоботии шаҳр ӯро ба сифати номзади ягона ба вакилӣ дар Маҷлиси миллӣ ба қайд гирифт.

Озода Раҳмон 3 январи соли 1978 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.