Агентии гидрометеорологии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки ин рӯзҳо дар қаламрави кишвар обуҳавои ноустувор ва боришоти зиёд дар назар аст, ки ба фаромадани селу ярч, сангфароӣ ва болоравии сатҳи об дар дарёҳо боис шуда метавонад, иттилоъ медиҳад ОИ «Азия-Плюс».

Гуфта мешавад, давоми ин рӯзҳо поинравии ҳарорат ба андозаи 5-7 дараҷа дар назар аст, яъне аз рӯзи чоршанбе гармии тоқатфарсо дар Тоҷикистон камтар мешавад.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар ноҳияҳои минтақаи ҷануби кишвар ҳарорати ҳаво рӯзона то 44 дараҷа ва дар доманакӯҳҳо то 37-42 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳарорати ҳаво то 36-41 дараҷа гармӣ расида, дар пойтахт рӯзона ҳарорат то 41 дараҷа гарм мешавад.

Ба сокинону меҳмонони кишвар тавсия дода мешавад, ки дар ин давра мувофиқи имконият аз сафар кардан тавассути мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худдорӣ намуда, зимни анҷом додани корҳои кишоварзӣ ва чаронидани чорво дар чарогоҳҳо ҳушёру эҳтиёткор бошанд.