Дар Тоҷикистон Иди Қурбон баъди як ҳафта, 12 сентябр таҷлил карда мешавад. Дар ин бора муовини раиси Шӯрои уламои Марказии исломии ҷумҳурӣ Саидов Абдулбасир хабар дод.

«Мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи олимони институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди саиди Қурбон дар кишвар ба рӯзи 12-уми сентябр рост меояд», - иброз дошт Саидов дар суханронияш.

Шӯрои уламо масъалаҳои рӯзномаи маҷлисро муҳокима ва баррасӣ намуда, чунин қарор карданд, вақти баргузоршавии намози иди Қурбон дар қаламрави кишвар соати  7.00 муайян карда шавад.

Ҳамчунин дар анҷоми Саидов Абдулбасир аз имомхатибон талаб кард, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз саҳми худро гузоранд.

Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллат ва мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.