Дар Тоҷикистон акнун кори хизматчиёни давлатӣ ҳар сол арзёбӣ мешавад ва назари мардум дар бораи кори эшонро ба инобат мегиранд. Ба ҳар хизматчии давлатӣ баҳои 5, 4, 3 ва ё 2 мегузоранд, хабар дод Радио Озодӣ.

Раҷабмурод Толибов, роҳбари шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорати Оҷонсии хизмати давлатӣ рӯзи дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, назари мардум пеш аз ҳама дар робита ба одобу рафтори хизматчиёни давлатӣ ба инобат гирфита мешавад.

«Баҳодиҳии хизматчиёи давлатӣ бо ду роҳ сурат мегирад. Нахуст бо роҳи аттестатсия. Дуввум ҳар сол дар моҳи декабр фаъолияти хизматчиёни давлатӣ таҳти баҳодиҳӣ қарор дода мешавад. Дар ин ҷо назарасанҷии мардум дар нисбати одобу рафтори хизматчиёни давлатӣ ба инобат гирифта мешавад» - гуфт ӯ.

Нисбати рафтори кормандони давлатӣ агар матбуот нашр шуда бошад ва ё аризае дар бораи корманд ворид шуда бошад, ҳатман дар тавсифномаи хизматчии давлатӣ зикр мешавад.

Арзёбии хизматчиёни давлатӣ ҳар сол то моҳи декабр анҷом мешавад, бар асоси гузориши худи хидматчии давлатӣ дар робита ба фаъолияти кориаш ва баҳои шӯъбаи кадрҳо сурат мегирад. Бар пояи гузориши худи хизматчии давлатӣ ва маълумоти шӯъбаи кадрҳо, ки аз ҷумла назари мардумро низ дар робита ба корманди давлатӣ дар бар мегирад ба ҳар хизматчии давлатӣ баҳои «панҷ», «чор», «се», «ду» гузошта мешавад.

Ин баҳоҳо зинапояи карйераи ҳар хизматчии давлатиро метавонад, ба самти боло ва ё поён тағйир диҳад. Чунки баъди арзёбӣ шӯъбаи кадрҳо хизматчии давлатиро метавонанд, ба мансаби баландтар пешбарӣ кунанд ва ё баръакс.