Дар Тоҷикистон депутатҳо дар ҷаласаи якуми иҷлосия, ки 3 октябр баргузор мегардад, бори нахуст аз садоқат ба мардум савганд ёд мекунанд, хабар медиҳад ОИ «Азия-плюс».

Ин тағьирот дар раъйпурсии уммихалқии 22 май баргузогардида, ки тибқи он намояндагони халқ назди мардум ва узви ҳукумат дар назди президент савганд ёд мекунанд. 

Ба қавли раиси маҷлиси намояндагон Шукурчон Зуҳуров ин навгонӣ имконият медиҳад, ки аъзои ҳукумат дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа бештар маъсулият ҳис кунанд.