© Пресс-служба президента РТ
Эмомали Рахмон поздравил таджикских женщин с Днем матери

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни ҷамъомад ва дар шахси онҳо тамоми модарону бонувони мамлакатро бо Рӯзи модар ва оғози эҳёи табиат табрику таҳният намуд, иттилоъ дод хадамоти матбуоти президенти кишвар.

© Пресс-служба президента РТ
Эмомали Рахмон поздравил таджикских женщин с Днем матери

​Эмомалӣ Раҳмон модарро офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон номида, таъкид дошт, ки маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.

© Пресс-служба президента РТ
Эмомали Рахмон поздравил таджикских женщин с Днем матери
Сабаби дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи модарро президенти мамлакат нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон арзёбӣ карданд.

© Пресс-служба президента РТ
Эмомали Рахмон поздравил таджикских женщин с Днем матери

Ба андешаи сарвари давлат нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.

© Пресс-служба президента РТ
Эмомали Рахмон поздравил таджикских женщин с Днем матери