Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи модар чун анъанаи накӯи баҳорӣ ва рамзи иди Наврӯзи байналмилалӣ бо иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сомони Эмомалӣ дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ дар пойтахт иштирок карданд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти президентӣ.

© Пресс-служба президента РТ
Эмомали Рахмон с сыновьями посадил декоративные деревья в душанбинском парке

Ҳашари ниҳолшинонӣ тибқи нақшаи асосии ободонию бунёдкорӣ ва азнавсозии пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе дар майдони боғи Нишони давлатӣ сурат гирифта, ба хотири зебою озода кардани хиёбонҳои шаҳр дарахтони зиёди ороишию ҳамешасабз, ки ҳамзамон ба саломатии инсон фоида дошта, боиси болидахотирию руҳбаландии сокинону меҳмонон мегардад, шинонида шуд.

© Пресс-служба президента РТ
Эмомали Рахмон с сыновьями посадил декоративные деревья в душанбинском парке

Шурўъ аз рӯзҳои аввали фасли баҳор президенти мамлакат ба хотири мусоидат ба беҳдошти ҳифзи табиат ва ободонии ҳар як гӯшаву канори мамлакат маъракаҳои умумии ниҳолшинонӣ ташкил менамоянд. Чунин тадбирҳои созандагӣ рӯзҳои 2 феврал дар майдони Наврӯзгоҳи пойтахт ва 4 марти соли 2017 дар боғи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон гузаронида шуд.