Дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё, ки рӯзҳои 27-29 май дар шаҳри Ашхободи Туркманистон баргузор шуд, варзишгарони тоҷик оид ба самбои варзишӣ соҳиби панҷ медал (як тилло, як нуқра ва се биринҷӣ) гардиданд, иттилоъ дод хадамоти матбуотии КМО ҶТ.

Ҳамроз Раҷабов, ки дар вазни то 74 кило дар қувваозмоии ниҳоӣ миёни мардон бар гуштигири қирғиз Урмат Мабетжан Уулу пирӯз шуд, ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гашт. 

Садам Каримов дар сабқати наврасон дар вазни то 75 кило медали нуқра гирифт.

 Гуштигири пуртаҷрибаи тоҷик Дилбар Султонова дар сабқати занон дар вазни то 72 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Мирзошариф Исматов дар сабқати навҷавонон дар вазни то 74 кило ба дастаи Тоҷикистон медали биринҷӣ овард. Нозила Каримова дар сабқати духтарон дар вазни то 56 кило соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Туркманистон бо касби 66 медал, аз он ҷумла 21 нишони тилло, ғолиб омад. Мунтахаби Узбакистон бо касби 55 медал, минҷумла 20 нишони тилло, дувум ва мунтахаби Қазоқистон бо касби 43 медал, аз он ҷумла 20 нишони тилло, севум шуданд. 

Самбо ба қатори 85 намуди варзиш шомил аст, ки онҳоро Шӯрои олимпии Осиё (ШОО) дастгирӣ мекунад. Ин намуд ба барномаи Бозиҳои XVIII осиёӣ, ки соли 2018 дар Индонезия баргузор мешаванд,  дохил шудааст.