Мавзуна Чориева, варзишгари маъруфи тоҷик, барандаи медали биринҷии Бозиҳои XXX тобистонаи олимпии соли 2008-ум дар Лондон оид ба бокс, президенти Ассотсиатсияи олимпичиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Ӯ бо тасмими Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 2016-ум ба ин вазифа таъин шудааст.

Мавзуна Чориева дар ин вазифа камонвари машҳур Зебиниссо Рустамова, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи соли 1976-ум дар Монреали Канадаро, ки бо хоҳиши худ аз вазифааш истеъфо додааст, иваз намуд.