23 июн дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ либоси ягонаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозиҳои олимпии соли 2016 ба намоиш гузошта шуд. Онро ширкати махаллии I am different тартиб дода, дар он рангҳои парчами миллӣ истифода бурда шуданд.

Ранги сафед ба сифати ранги асосӣ истфода шуда, он аз рангҳои сурх, сабз ва сафед иборат аст.

«Ин либосро чун дар олимпиадаи слои 2008- и Пекин тарроҳ Мавлуда Ҳамроева ба тарзи миллӣ сохтааст»,- иброз дошт котиби генералии КОМ ҶТ Баҳрулло Раҷабалиев.

Сарвари кумита Аҳтам Абдуллозода аз тайёр будани мунтахаби Тоҷикистон ба Олимпиада ҳарф зада, либоси варзиширо ба ҳайати даста супурд.

Ҳайати Тоҷикистонро дар бозиҳои олимпии Бразилия, моҳи август ҳафт варзишгар муаррифӣ менамоянд.

Роҳхати охиронро Кристина Пронженко, ки дар давидан ба масофаи 200 метр баромад мекунад, ба даст овард. Шаштои дигарро пешакӣ шиновари 18-сола Олим Қурбонов ва Анастасия Тюринаи 14 сола, муштзан Анвар Юнусов, дзюдочиён Комрошоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, гурзпарто Дилшод Назаров соҳиб шуданд.

Дар Олимпиадаи соли 2012 и Лондон 16 варзишгар ширкат варзида, муштзан Мавзуна Чориева барандаи медали биринчии бозиҳо гардид. Дар ин бозиҳо ў иштирок намекунад.

Мутахаби Тоҷикистон аллакай ба РИО-де-Жанейро парвоз карда, дар бозиҳои 31-уми олимпӣ, ки аз 5 то 21 август бо иштороки 206 давлат баргузор мегарданд, ширкат хоҳад варзид.