Дар маркази ноҳияи Данғара президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ маҷмааи муҳташами варзиширо ифтитоҳ намуданд, иттилоъ дод хадамоти матбуотии президенти кишвар.

Сохтмони маҷмааи варзишӣ моҳи марти соли 2012 оғоз гардида, имрӯз бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни умумимиллӣ 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Барои бунёди иншооти муосири соҳаи варзиш наздики 100 миллион сомонӣ ҷудо гардид.

Маҷмаа аз 4 ошёна иборат буда, масоҳати умумии майдони он 14 ҳазору 253 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи якум бо шароити машқу тамрин ва толорҳои баргузории мусобиқаҳои намуди гуштин, каратэ, гуштини тарзи дзюдо ва гимнастика шинос шуданд.

Дар ошёнаи дуюм толори калони варзиши универсиалӣ бо 2 ҳазору 148 ҷой нишаст барои тамошобинон, утоқҳои кори мураббиён ва дигар иншооти ёрирасон омода гардидааст.

Дар ошёнаҳои сеюму чорум бошад, утоқҳои меҳмонони олимақом, доварон, нуқтаи ёрии тиббӣ, толори хурд ва дигар марказҳои фароғатӣ бунёд гардидааст. Идораҳои маъмурӣ, ҷойи либосовезӣ, қаҳвахона, хонаҳои қабули меҳмонон, нуқтаи ташхиси маводҳои допингӣ аз ҷумлаи имконоти дигари муосири ин маҷмааи варзишӣ мебоошад.

Дар ин ҷо ҳамчунин барои шореҳони варзиш утоқҳои махсус бо дастгоҳҳои наворбардорӣ ва таҷҳизоти тақвияти овоз сохта шудааст.