Китобе бо номи «Дилшод Назаров — қаҳрамони олимпӣ» ба ду забон — тоҷикӣ ва русӣ дар нашриёти «Андалеб»-и Душанбе аз чоп баромад, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти КМО ҶТ.

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов, ки муаллифи ин китоб аст, мегӯяд дар китоби мазкур дар бораи дастоварди бузурги гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия нақл карда мешавад.

Дилшод гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дода, ба унвони қаҳрамони олимпӣ мушарраф гашт. Зимнан, ин бор нахуст аст, ки дар даврони истиқлолият як варзишгари тоҷик дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон сазовори медали тиллои Бозиҳои олимпӣ гардидааст.  

Инчунин дар ин китоб хонанда роҷеъ ба натиҷаҳои нишондодаи дастаи мунтахаби кишвар дар Олимпиадаи Рио-2016 маълумот пайдо мекунад.

Дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва  муҳаррири масъули ин китоб Баҳрулло Раҷабалиев мегӯяд мунтахаби Тоҷикистон, ки дар Олимпиадаи Рио-2016 бо шумули ҳафт варзишгар ширкат дошт, мусобиқотро бо як медали тилло ба анҷом расонд ва дар байни 206 кишвар дар ҷойи 54-ум қарор гирифт. Ин натиҷа нисбат ба Олимпиадаи Лондон дар соли 2012-ум 25 зина болост.