Бино ба иттилои Шӯбаи сиёсати иқтисодӣ ва рушди шаҳри Маскав, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ба буҷаи шаҳр аз ҳисоби  иҷозатномаҳои кор ё патент ба муҳоҷирон беш 7,7 миллиард рубл ворид шудааст.

Манбаъ таъкид кардааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26% зиёдтар аст.

«Натиҷаи фаъолияти Маркази муҳоҷирати Маскав дар моҳи январ–майи соли ҷорӣ аз ҳавасмандии муҳоҷирони меҳнатӣ ба фаъолияти расмӣ дар иқтисоди шаҳр мегӯяд», — гуфтааст сардори департамент Владимир Ефимов.

Раҳмон дар бораи пастшавии сатҳи фақри шадид дар Точикистон хабар дод
Раҳмон дар бораи пастшавии сатҳи фақри шадид дар Точикистон хабар дод

Вай афзуд, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ марказҳои муҳоҷират ба муҳоҷирони меҳнатӣ 208 ҳазор иҷозатномаи кор додаанд. Мувофиқи ҳисобҳо дар як рӯз марказҳои муҳоҷират зиёда аз 1,5 ҳазор патент медиҳанд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Вазорати корҳои дохила ва Вазорати меҳнат супориш дод, ки дар Русия барои шаҳрвандони хориҷ тартиби гирифтани диҷозатномаи иқомати муваққатӣ ва иҷозатномаи иқомат босон карда шавад. Чораҳои мазкур барои шахсоне қабул шудааст, ки забони русиро медонанд ва дар мехоҳанд дар Русия кору зиндагӣ кунанд.