Ҳавопаймои ширкати «Тоҷик Эйр» (Tajik Air) зимни парвоз дар хатсайри Москва-Хуҷанд ба мушкилоти техникӣ дучор шуда, беш аз се соат дар ҷанубу шарқи вилояти Маскав чарх зад, ва баъдан дар фурудгоҳи Домодедово нишасти изтирорӣ кард, хабар медиҳад сомонаи Flightradar24.

Ҳавопаймои мусофирбари Boeing-737, ки аз фурудгоҳи Домодедово 2 июл соати 01:03 бо вақти Маскав парвоз кард (дар ҳоле, ки бояд соати 23:30 1 июл парвоз кунад), муддате пас баргашта, дар болои Коломна ва Воскресенский чарх мезад.

Шодем барои ҳама: Таърихи Маскави гуногунмиллат
Шодем барои ҳама: Таърихи Маскави гуногунмиллат

Ҳавопаймои парвози Москва-Хуҷанд бомуваффақият дар фурудгоҳи Домодедово нишаст.

«Мутахассисони хадамоти техникӣ ҳавопайморо муоина мекунанд ва пас аз маълум шудани натиҷаҳои ташхиси техникӣ мо маълумоти иловагиро дар бораи фаъолияти минбаъдаи ҳавопаймо пешниҳод мекунем», — таъкид карда намояндаи ширкати «Тоҷик Эйр».

Сабаби нишасти изтирорӣ вайроншавии ҳавоногузарӣ (разгерметизасия) дар ҳавопаймо шуд.