Зодаи Тоҷикистон сокинони шаҳри Новокузнетски вилояти Кемерови Русияро бо қобилияти ҷисмониаш қоил кард.

Баромади йоги тоҷик, ки ному насаби он номаълум боқи мемонад, дар барномаи фарҳангиву фароғатӣ бахшида ба 400-солагии шаҳр гузашт, хабар медиҳад вебгоҳи VSЁ42.ru.

Ҳунарнамоии муҳоҷири тоҷикро ҷамъияти тоҷикони Новокузнетск низ тамошо мекарданд.

Ба шиками йог кордҳои калону тезро мепартофтанд, вале ӯ мушакҳои шикамашро чунон таранг карда буд, ки кордҳо ба бадани ҷавон бархӯрда, ба замин меафтоданд. Ба бадани ҷавон осеби ҷиддӣ нарасид.

Баъдан ба тамошобинон саҳнаи аҷибтаре пешниҳод карданд: худраве рост аз болои ҷавон гузашт.

«Бо ин саҳна муҳоҷири тоҷик сокинони Новокузнетскро пурра тасхир кард», — навишт манбаъ.