Ба саҳифаи аввал
Шодем барои ҳама:
Таърихи Маскави гуногунмиллат
Аз худи аввали бунёдаш Маскав одамони дигарро аз давлатҳои гуногун ҷалб менамуд. Дар ин ҷо кор ёфтан, соҳиби хона шудан, аз беҳуқуқӣ ҳифз гардидан ва муомилоти мол мумкин буд.

Князҳо, боярҳо, дайрҳо кўшиши ҷалби мардуми ҳунармандро ба шаҳр менамуданд. Ба рушди Маскав пайдоиши сукунатҳои нав мусоидат кард. Гузару маҳаллаҳо бо хусусиятҳои касбӣ пайдо шуданд. Масалан, ҳунармандон дар якҷоягӣ сукунат мекарданд: оҳангарон бо оҳангарон, чармгарон бо чармгарон. Сокинони гузар бо имтиёзҳои махсус ҳифз мешуданд. Онҳо аз супоридани андоз озод буданд ва худи калима «гузар» маънои муродифи калимаи «озодӣ» аст.

Дар Маскав маҳаллаҳои миллӣ низ вуҷуд доштанд. То имрўз агар ба роҳнамоҳои шаҳр назар афканем номи кўчаҳои тоторӣ, белорусӣ, гурҷӣ, арманӣ, малорусӣ ва дигаронро ёфтан мумкин аст

Карта Татарской слободы
Маҳаллаи тоторӣ ©РИА Новости
Маҳаллаи тоторӣ – Ординка – Толмачҳо

Маҳаллаи тоторҳо дар асри XIV яке аз аввалин маскунони этникии Маскав ба шумор рафта, дар Замоскворечи, дар мавзеи кўчаҳои ҳозираи Большая Татарская ва Пятнитская ҷойгир шуд. Дар ин ҷо тоторҳои Золотая Орда ва назди волга маскан гирифтанд, зеро аз ин ҷо ба тарафи Золотая Орда роҳ буд ва он бо номи Ординка ба сокинони Маскав маълум буд ва аз ҳозира дида дарозтар буд.

Маҳаллаи тоторҳо дар асри XVII (соли 1619) дар манбаъҳо хотирнишон гардида, то асри XX вуҷуд дошт. Дар асри XVII ба ин маҳалла тоторҳо маҳаллаи толмачҳо - тарҷумонҳо пайваст гардид. Дар ин маҳалла тоторҳои Қрим сукунат дошта, дар гуфтушунидҳои байни Маскав ва Қрим ширкат меварзиданд. Ҳамаи онҳо дар як маҳалла иқомат мекарданд, ки дар ин бора тангкўчаи Толмачёви ҳозираи назди метрои Новокузнетский огаҳӣ медиҳад.

Карта ТолмачейСлева: Вид на Большой Толмачевский переулокСправа: Карта Томлачей; слева: Вид на Большой Толмачевский переулок
Аз тарафи рост: Харитаи Толмачей; Аз тарафи чап: Манзараи тангкўчаи Болшая Толмачевская ©РИА Новости.

Дар асрҳои XVIII-XIX дар ҳавлии яке аз тилмочҳо - ҳоким Суламит мурза Симиней масҷиде буд, ки он соли 1812 сўхта нобуд гардид. Соли 1823 ҳукумати Маскав иҷозати дод, ки дар ҳавлии тоҷир Назарбой Хашалов ибодатхона сохта шавад, лекин ба шарте, ки ба ин сохтмон масҷид номгузорӣ намешавад. Фақат соли 1880 ба маҳаллаи тоторҳо сохтмони масҷиди ҳақиқӣ бо манора ва гумбаз муяссар гардид.

Соли 1939 ин масҷид маҳкам гардида, дар он комиссариати ҳарбӣ ва ҳар гуна устохонаҳо ҷой дода шуданд. Танҳо соли 1993 масҷид аз нав бо номи Масҷиди Таърихӣ барқарор гардид

Слева: Историческая мечеть с минаретом; справа: Татарский культурный центрСлева: Историческая мечеть с минаретом; справа: Татарский культурный центрСлева: Историческая мечеть с минаретом; справа: Татарский культурный центр
Аз тарафи чап: Масҷиди Таърихӣ бо манора; аз тарафи рост: маркази фарҳангии тоторӣ ©РИА Новости. Маклакова Юлия

Ба тоторҳои замоскваретси номи кўчаи ҳозираи Балчуг низ мансуб аст. Тоторҳо кори савдои Маскав иштироки фаъолона доштанд, ки марказаш дар маҳаллаҳои Охотний ряд ва Китай-город вуҷуд дошт. Аммо барои ба ин ҷойҳо расидан онҳо бояд дарёи Маскавро убур мекарданд. Ин хел ҷойро онҳо дар назди Кремл ёфтанд, ки сатҳи дарё он ҷо паст буда, ба ботлоқ монандӣ дошт ва онҳо онро Балчех номиданд, ки он маънои ботлоқро дошт ва баъдан кўчаи сохташудаю тамоми ҷазира номи Балчугро гирифт.

Дар замони князи бузурги Дмитрий Донской аз Золотой Орда, ки он вахт ноором буд, шоҳзода Серкиз (Черкиз) омада, дар Маскав ў таъмид ёфта номи Иван Серкизовро (Черкизов) гирифта, соҳиби заминҳои калон гардид, ки баъдтар бо номи Черкизово машҳур гашт.

Карта Армянского переулка
Тангкўчаи арманӣ ©РИА Новости
Тангкўчаи арманӣ

Арманиҳо ба Маскав тасодуфӣ не, балки дар сатҳи давлатӣ маскун шуданд. Ханўз дар асри XIV Иван Грозний онҳоро даъват намуда, онҳо дар маҳаллаҳои Белий город, дар атрофи калисои Никол, ки соли 1938 валангор гашт, ҷои зист интихоб намуданд, дар асри XVIII ба Маскав оилаи бойи Лазаревҳо (Егизарянов) омада, бо сармояи онҳо калисои Воздвижения Креста Господня сохта шуд.

Ниҳоят ин тангкўчаи майда баъди номҳои гуногун (Артамонов, Николский, Столповский) оқибат номи тангкўчаи Армянскиро гирифт. Ба ғайр аз калисо бо сармояи ин сармоядор донишкадаи Лазарев бунёд гардид, ки ҳозир дар он бино сафорати Арманистон ҷойгир аст.

Бо ин тангкўча номи адабиётшиноси машҳур Фёдор Тютчев алоқаманд аст

Тютчев соли 1810 ба ин тангкўча кўчида, давраи наврасию ҷавониашро он ҷо гузаронида, аввалин шеъру тарҷумаҳои классикҳои римро он ҷо эҷод намудаст.

Слева сверху: Посольство Республики Армения в Российской Федерации; слева внизу: усадьба Гагариных-Тютчевых в Армянском переулке и во дворе усадьбы – бюст-памятник Федору Тютчеву; справа: портрет Федора Тютчева работы С.Александровского (1876)Слева сверху: Посольство Республики Армения в Российской Федерации; слева внизу: усадьба Гагариных-Тютчевых в Армянском переулке и во дворе усадьбы – бюст-памятник Федору Тютчеву; справа: портрет Федора Тютчева работы С.Александровского (1876)Слева сверху: Посольство Республики Армения в Российской Федерации; слева внизу: усадьба Гагариных-Тютчевых в Армянском переулке и во дворе усадьбы – бюст-памятник Федору Тютчеву; справа: портрет Федора Тютчева работы С.Александровского (1876)
Дар боло аз тарафи чап:Сафоратхонаи Ҷумҳурии Арманистон дар Федератсияи Русия; дар поён аз тарафи чап: қўрғони Гагарину Тютчевҳо дар тангкучаи Армянский, ки дар он ҳайкали Фёдор Тютчев ҷойгир шудааст; аз тарафи рост:пайкари Фёдор Тютчев, кори С.Александровский (1876) ©РИА Новости. Маклакова Юлия

Дар атрофи тангкўчаи арманӣ аз асри XVI сар карда, сафирҳои хориҷӣ ва дипломатҳои рус зиндагӣ карда, аз асри XVIII бошад, маскани мардуми фарҳангӣ гардид. Ба хонаи Тютчевҳо, Жуковский, Мерзляков ва бародарон Тургеневҳо меомаданд. Дар кўчаҳои наздик Карамзин, дипломат ва нависанда Иван Муравёв-Апостол — падари се декабрист зиндагӣ мекарданд. Маҳз иҳотаи чунин одамон буд, ки Тютчев касби дипломатиро пеша гирифт, аммо бисёриҳо ўро ҳамчун муаллифи шеъри «Бо ақл Русияро натавон дарк кард» («Умом Россию не понять») мешиносанд.

Мещанская слобода
Маҳаллаи мешанҳо ©РИА Новости
Маҳаллаи мешанҳо

Белорусҳо ба Маскав аз Речи Посполитой дар асри XVI бо сабаби таъқиби динӣ кўчиданд. Ба ақидаи бостоншиносон, барои даъвати белорусҳо аз Маскав ҳайати бонуфуз рафта буд. Рутбаи князии Маскав манфиатдори ҳаммазҳабон худ буданд. Ҳамчунин белорусҳо ҳунармандони хуб буданд. Ҳато рўҳониён низ н равандро ҷонибдорӣ намуданд.

Барои муҳоҷирон дар шимоли Маскав аз наздикии дарвозаҳои Сретен махсус замин ҷудо гардида, он номи маҳаллаи Мешан (аз поляки mieszczanie «месчан» яъне шахриҳо)-ро гирифт

Дар он ба ғайр аз белорусҳо, полякҳо дигар халқиятҳо низ маскун шуданд.

Дар лоиҳасозии Маскав то ҳанўз нишони ин маҳалла мондааст: то ҳол кўчаҳои дарози бо ҳам параллел боқӣ монданд, ки номи Мешанскиро доштанд.

Соли 1957 бо сабаби баргузории Фестивали байналмилалии ҷавонон кўчаи Мещанская-1 ба худ номи Проспекти мирро гирифта, дар соли 1966 Мешанская- 2 номи Гилярский ва сеюмаш дар соли 1962 Шепкина шуд. Чорумаш номи кўҳнаро боқӣ гузошта, соли 1966 бо номи кўчаи Мешанская арзи вуҷуд намуд.

Ҷои тааҷҷуб нест, ки маҳз Мешанская-1 кўчаи асосии маҳалла гашт. Дар он ҳавлиҳои бошукўҳ, хонаҳои савдо ва ғайра мавҷуд буданд

Қисме аз онҳо то ҳоло арзи вуҷуд доранд. Масалан, дар ҳавлии рақами 3, ки аз рўи лоиҳаи академики меъмори Загорский, ки соли 1893 сохта шуд, то ҳанўз ороиши классикиро дидан мумкин аст. Дар охири асри XVII ин ҷо қўрғони тоҷир Матвей Евреинов буд.

Слева и справа вверху: начало улицы Проспект Мира, доходный дом купца Камзолкина (был построен в 1885 году на основе городской усадьбы XVIII века); справа внизу: фрагмента старой постройки во дворе дома купца КамзолкинаСлева и справа вверху: начало улицы Проспект Мира, доходный дом купца Камзолкина (был построен в 1885 году на основе городской усадьбы XVIII века); справа внизу: фрагмента старой постройки во дворе дома купца КамзолкинаСлева и справа вверху: начало улицы Проспект Мира, доходный дом купца Камзолкина (был построен в 1885 году на основе городской усадьбы XVIII века); справа внизу: фрагмента старой постройки во дворе дома купца Камзолкина
Дар боло аз тарафи чап ва рост: сари кўчаи Проспект Мира, корхонаи даромадноки тоҷир Камзолкин; дар поён аз тарафи рост: фиқраи сохтмони кўҳна дар ҳавлии хонаи тоҷир Камзолкин ©РИА Новости. Маклакова Юлия
Маросейка

Украинҳо ҷои зисти худро дар яке аз кўчаҳои қадимаи Покровка интихоб намуданд, ки номи Маросейка (аз истило Малоросейкаи, шакли Маросейкаи ғалатшударо гирифт)-ро дошт. Ин кўча дар мобайни кўчаҳои Маросейка ва Болшой Златоусти калон ҷой гирфт ва дар он украинҳо манзили зист ихтиёр намуданд. Инҳо асосан савдогарон ва дипломатҳо буданд.

Дар асрҳои XV-XVI Покровка яке аз ҷойҳои ободи Маскав ва дўстдоштаи сарватмандон ҳисоб мешуд

Маросейка диққати хориҷиёнро ба худ ҷалб намуд, вале диндорон ба хулоса омаданд, ки он барои бегонагон нест ва соли 1643 фармон дар бораи нафурўхтани ҳавлӣ ва замин ба хориҷиҳо баромад. Бо супориши подшоҳ Алексей Михайлович тамоми аврупоиҳоро аз маҳалла ба маҳаллаи немиси ронда, танҳо баъди реформаи Пётри I онҳо баргаштан гирифтанд.

Дар асрҳои XVII-XVIII ҳавлии Қрим бо сафоратхонаи хони Қрим дар қисми ғарбии Маҳаллаи тоторҳо ва Ординка дар соҳили дарёи Маскав ҷой гирифт. Худи кўчаи Кримский Вал то соли 1820 бо сабаби серобӣ мавҷуд набуд.

Кўча фақат бо ҷои ахлотпартои калонаш ва ҳаммомҳои буғдораш машҳур буд. Барои гирифтани буғ сарватмандони шаҳр ба ин ҷо меомаданд. Охири асри XVIII аз болои Москва-река пули чўбин сохта шуд.

Дар вақтҳои шўравӣ, аз соли 1954 сар карда, кўча номи Богдан Хмелнитскийро гирифта, танҳо соли 1990 номи кўҳнаро баргардонд

Шавқовар он аст, ки гарчанде сохтмони стансияи метрои «Маросейка» аз соли 1930 мавриди муҳокима қарор гирифта буд, вале то ҳанўз ҳали худро наёфт ва то соли 2020 сохтмонаш зери шубҳа аст.

Дар бораи сукунати украинҳо («хохолҳо» номи кўҳнаи украинҳо) тангкўчаи Хохловская, ки бо Маросейка ҳамшафат аст, дарак медиҳад.

Маросейка
Маросейка ©РИА Новости
Теппаи Қрим

Дар асрҳои XVII-XVIII ҳавлии Қрим бо сафоратхонаи хони Қрим дар қисми ғарбии Маҳаллаи тоторҳо ва Ординка дар соҳили дарёи Маскав ҷой гирифт. Худи кўчаи Кримский Вал то соли 1820 бо сабаби серобӣ мавҷуд набуд.

Кўча фақат бо ҷои ахлотпартои калонаш ва ҳаммомҳои буғдораш машҳур буд. Барои гирифтани буғ сарватмандони шаҳр ба ин ҷо меомаданд. Охири асри XVIII аз болои Москва-река пули чўбин сохта шуд.

Соли 1873 он пули металлӣ- Кримский мост иваз гардида, соли 1938 он нав гардида, то ҳоло нигоҳ дошта шудаст

Кримский вал дар ҳамаи инқилобҳои шаҳр бо сокинонаш шоҳиди бевосита буд. Дар Инқилоби аввал рус кўча бо сангарҳо маҳкам шуда, дар Инқилоби октябри соли 1917 паногоҳои аскарони сурх буд.

Дар замони шўравӣ кўча таъмир гардида, соли 1923 дар ҷои ахлотпартои чандасра Намоишгоҳи умумирусиягии хоҷагии қишлоқ ва ҳунармандию саноатӣ сохта шуда, соли 1928 онро Боғи фарҳангии ба номи Горкий иваз намуд.

Слева: Центральный дом художника (ЦДХ), филиал Третьяковской галереи на Крымском валу; справа сверху: главный вход в Центральный парк культуры и отдыха имени М.Горького; справа внизу: центральный вход в парк скульптур «Музеон»Слева: Центральный дом художника (ЦДХ), филиал Третьяковской галереи на Крымском валу; справа сверху: главный вход в Центральный парк культуры и отдыха имени М.Горького; справа внизу: центральный вход в парк скульптур «Музеон»Справа: Центральный дом художника (ЦДХ), филиал Третьяковской галереи на Крымском валу; слева сверху: главный вход в Центральный парк культуры и отдыха имени М.Горького; слева внизу: центральный вход в парк скульптур «Музеон»
Аз тарафи чап: Хонаи марказии рассомон, шўъбаи галереяи Третяковский дар Кримский вал;дар боло аз тарафи рост:даромадгоҳи асосӣ ба Боғи марказии фарҳангӣ ва истироҳатӣ ба номи М.Горкий;дар поён аз тарафи рост:даромадгоҳи марказӣ ба боғи ҳайкалтарошии «Музеон» ©РИА Новости. Маклакова Юлия

Дар Кримский вал бошишгоҳи осорхона низ мавҷуд аст. Соли 1970 рўбарўи боғи ба номи Горкий бино барои нигораҳои осорхонаи Галереяи Третяков сохта шуда, ҳамзамон Хонаи марказии рассомон бунёд ёфт.

Дар наздики боғи санъати «Музеон» - осорхонаи калонтарини меъморӣ дар ҳавои кушод ҷой гирифт, ки он ҷо ҳамаи нигораҳои аз кўчаҳои шаҳр баъди соли 1990 ҷой ёфтанд.

Крымский вал
Кримский вал ©РИА Новости
Махаллаи гурҷиҳо

Гурҷиҳо ба Маскав дар асри XVIII аз асорати туркҳо гурехта, омадан гирифтанд. Ин ҷо ҳам кор ёфтан мумкин буд, ҳам мазҳаби ягона бо русҳо мавҷуд буд. Соли 1729 заминҳо, ки баъдтар номи Маҳаллаи гурҷиро гирфтанд, ба шоҳ Вахтанги VI ҳамчун тўҳфа супурда шуданд.

Дар давраи император Пётри II барои рушди Маҳаллаи гурҷӣ 10 ҳазор рубл ҷудо гардид ва дар он ҷо қасри Гурҷӣ сохта шуд.

Маҳаллаи гурҷӣ тез инкишоф ёфта, соли 1779 дар он ҷо аллакай 73 ҳавлии гурҷиҳо ва 24-русию армани вуҷуд доштанд. Сулолаи Багратионовҳо дар ин ҷо мавқеи асосӣ дошт

Соли 1812 маҳалла аз сўхтор осеб надид. Дар миёнаи асри XVIII маҳалла ба тасарруфи княз Одоевски гузашт ва маҳаллаи гурҷӣ мавҷудияташро аз даст дод.

Ҳозир аз мавҷудияти он номи кўчаҳои Болшая и Малая Грузинская, Грузинский Вал, тангкўчаи Грузинский ва майдони Грузинский дарак медиҳанд.

Соли 1983 дар мавзеи собиқ маҳаллаи гурҷӣ, дар майдони Тишинская ба шарафи 200-солагии имзои созишнома сохтмони шоҳрои Георгий доир ба протеторати Русия гардидани Гурҷистон муҷассамаи 42 метраи бо номи «Дустии беоқибат» («Дружба навеки»), бо ҳарфҳои русӣ ва гурҷии «Сулҳ», «Меҳнат», «Дўстӣ», «Бародарӣ» оро дода шудааст, кушода шуд.

Слева: храм Георгия Победоносца в Грузинах, духовный центр грузинской диаспоры в Москве; справа вверху: католический Собор Непорочного Зачатия Пресвятой Девы Марии; справа внизу: Биологический музей К.А.ТимирязеваСлева: храм Георгия Победоносца в Грузинах, духовный центр грузинской диаспоры в Москве; справа вверху: католический Собор Непорочного Зачатия Пресвятой Девы Марии; справа внизу: Биологический музей К.А.ТимирязеваСправа: храм Георгия Победоносца в Грузинах, духовный центр грузинской диаспоры в Москве; слева вверху: католический Собор Непорочного Зачатия Пресвятой Девы Марии; слева внизу: Биологический музей К.А.Тимирязева
Аз тарафи чап: ибодатхонаи Георгий Победоносетс дар Гурҷистон, маркази рўҳии ҷамати гурҷии Маскав; дар боло аз тарафи рост: Собори католикии Непорочного Зачатия Пресвятой Деви Марии; дар поён аз тарафи рост: Осорхонаи биологии К.А.Тимирязев ©РИА Новости. Маклакова Юлия

Ҷои дигари муҳими гурҷиҳои русумӣ - Ибодатхонаи Георгии Победоносетс дар назди боғи ҳайвонот, маркази рўҳии ҷамоати гурҷии Маскав: дар ин ҷо забони гурҷӣ шунидан мумкин аст ва навиштаҷотҳои роҳнамоҳҳо бо се забон (русӣ, гурҷӣ ва англисӣ) буда, аз ҳама хачапурии бомазаи аҷарӣ тайёр карда мешавад.

Дар кўчаи Малая Грузинская калонтарин калисои католикӣ дар Русия ҷой гирифта, дар назди он осорхонаи миллии биологии Тимирязев ҷойгир аст.

Грузинская слобода
Махаллаи гурҷиҳо ©РИА Новости

Дар давраи шўравӣ кўчаҳо дар махаллаҳои нави Маскав бо номи шахрҳо ва ҷумҳуриҳои бародарӣ номгузорӣ мешуданд. Дар ҷануби шарқи шаҳр кўча ва тангкўчаи Тошканд, пасткўча ва гузаргоҳи Фарғона пайдо шуданд. Дар ҷануби шаҳр кўчаҳои Алма-ато ва Вилнюс ва ғайра пайдо шуданд. Бо гузашти садсолаҳо Маскав шаҳри меҳмоннавоз монда, барои қабули одамон аз дигар манотиқ дари худро боз намудаст.