Дар ҷаласаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қарор шуд, ки моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон имсоли 17-уми май оғоз мегардад.

Соли равон маблағи закот (андози ҳатмии солона ба фоидаи камбизоатон)-ро мусалмононе месупоранд, ки на камтар аз 20,4 ҳазор сомонӣ воситаҳои зиёдатӣ доранд. Ҳаҷми садақаи фитр (хайрия) имсол 5 сомонӣ барои 1 моҳ муқаррар шудааст. Ин маблағ бо назардошти қоидаҳои шарити ислом бо нархи 2 кило гандум муайян гардидааст.

Тибқи назария, шахсони пиронсоле, ки рӯза дошта наметавонанд, бояд ба камбизоатон 300 сомонӣ диҳанд, яъне ҳар рӯз 10 сомонӣ хайр кунанд. Моҳи Рамазон бо Ид ал-фитр ё Иди Рамазон 16 июн ба анҷом мерасад, ки иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.

Тақвими моҳи шарифи Рамазони соли 2018-ро барои Тоҷикистон метавонед дар инфографикаи интернет-портали «Русия барои ҳама» бубинед.