Яке аз ситораҳое дар дар бурҷи Ҷавзо ба шарафи шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ номгузори карда шудааст, хабар дод вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ рӯзи ҷумъа, 29 июн.

Ҷирми осмонӣ ба муносибати ин тоҷикзан ва хоса силсилаи ахбори ӯ «Ҳафт ахтар» унвони «Зулф»-ро гирифтааст, ки онро шаҳодатномаи мувофиқ тасдиқ мекунад.

Раҳмон дар бораи пастшавии сатҳи фақри шадид дар Точикистон хабар дод
Раҳмон дар бораи пастшавии сатҳи фақри шадид дар Точикистон хабар дод

«Иқдоми мазкурро маркази ҷирмҳои осмонии Лондони Англия 15 июн, дар зодрӯзи шоираи тоҷик, таҳти рақами 25290-415 ба қайд гирифта, тулӯи мустақимашро дар бурҷи Gemini 06H06m48.66s ва тамоилашро 23 ◦38’18.97 муайян намудааст», — хабар дод манбаъ.

Аммо маълумоти амиқе дар бораи ташкилоте дар Бритониёи Кабир, ки аз он шаҳодатнома омадааст, нест. Дар ҳоле, ки ташкилотеро айнан бо ҳамин ном (ё монанд) дар Лондон пайдо карда нашуд.

Зулфия Атоӣ аз зумраи адибаҳои маъруфи тоҷик буда, сардабири маҷалла барои бонувон «Фирӯза» аст, ки дар Тоҷикистон нашр мешавад.