Сатҳи камбизоатӣ ва фақри шадид дар Тоҷикистон дар муқоиса бо солҳои охир хеле паст рафтааст, хабар дод раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди президенти ҶТ дар Душанбе рӯзи сешанбе, 3 июл.

Шумораи камбизоатон дар қаламрави давлат, ба гуфти сарвар, дар байни ду сол 1,3% камтар шудааст, шумораи табақаи миёнаи бошал афзудааст.

Маршрути парвози рейси 7J646 ширкати ҳавопаймоии Tajik Air Москва–Хуҷанд, ки 2 июли соли 2018 дар фурудгоҳи Домодедово нишасти изтирорӣ кард
Нишасти изтирории хатсайри Москва–Хуҷанд дар Домодедово. Тафсилот

«Соли 2017 сатҳи камбизоатӣ ба 29,7% расид, ки дар қиёс ба нишондиҳандаи соли 2015 аллакай банди 1,3% поён рафтааст. Фақри шадид бошад, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ 14 фоизро ташкил дода, табақаи миёнаи аҳолӣ аз рӯи арзёбии пешакӣ ба 24% баробар шуд», — гуфт Эмомалӣ Раҳмон ва дар катори сабабҳои беҳбудӣ суръати баланди рушди иқтисодӣ дар сатҳи 7%-и солонаро ва афзоиши хароҷот ба бахши иҷтимоиро номид.

Ҳамин омилҳо, ба гуфти ӯ, ба идома ёфтани тамоюли беҳтар гардидани ҳолати демографӣ ва вазъи саломатии аҳолӣ мусоидат намуданд ва дар натиҷа нишондиҳандаи миёнаи дарозумрии аҳолӣ ба 73,5 сол баробар шуд — 71,9 барои мардон ва 75,7 барои занон.

Аммо аз стаҳи бахши тандурустӣ ва хизматрасони дар ин сатҳ президент норозигии худро баён кард.