Дар Тоҷикистон минбаъд нархи 16 маҳсулоти ниёзи аввали мардумро мақомот таъйин хоҳанд кард. Танзими давлатии нархҳо бо як қарори ҳукумати Тоҷикистон ҳатмӣ шудааст.

Карор «Дар бораи номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд» таҳти рақами 287 рӯзи 31-уми май имзо шуд. Нусхаи қарор рӯзи чоршанбе, 4-уми июл, дастраси «Радиои Озодӣ».

Президент Эмомалӣ Раҳмон зери ин қарор имзо гузошта ва Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон масъули иҷрояш шудааст. Тибқи қарор, нархи 16 навъи «маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ» таҳти танзими давлатӣ қарор мегирад:

Раҳмон дар бораи пастшавии сатҳи фақри шадид дар Точикистон хабар дод
Раҳмон дар бораи пастшавии сатҳи фақри шадид дар Точикистон хабар дод

  1. Орд (навъҳои 1 ва 2)
  2. Нон (аз орди навъҳои 1 ва 2)
  3. Маҳсулоти макаронӣ
  4. Гандум
  5. Биринҷ
  6. Картошка
  7. Сабзавот: сабзӣ, пиёз, карам
  8. Қанди сафед, шакар
  9. Равғани растанӣ: равғани пахта, офтобпараст ва маска
  10. Маҳсулоти ширӣ: шир, кефир, қаймоқ, сметана, творог
  11. Наск, нахуд, марҷумак, кашк, ярмаи ҷав
  12. Гӯшт: гӯшти гов, гӯшти гусфанд, гӯшти мурғ
  13. Тухми мурғ
  14. Намак
  15. Чой: навъи сабз ва сиёҳ
  16. Ғизои кӯдаконa

Ҳукумати Тоҷикистон борҳо ҳангоми ҷаҳиши нархи баъзе аз маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла гӯшт, талош кардааст, ки нархи онро ба эътидол биорад. Аммо ин талошҳои давлат чандон муваффақ набуда, баъзан боис ба камчинии гӯшти хушсифат ва ба пинҳонкорӣ гузаштани қассобҳо шудааст.