Гармии ғайримуқаррарӣ, ки рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон барқарор мешавад, эҳтимолан ба ҳодисаҳои ногаҳонӣ, аз он ҷумла ба сел ва ярч метавонад оварад.

Дар бораи ин рӯзи панҷшанбе, 5 июл, роҳбари маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода назди ҳукумати ҶТ (КҲФ) Умеда Юсуфӣ хабар дод.

Ҳавои тасфон (беш аз +40°С) амалан дар тамоми қаламрави кишвар аз рӯзи ҷумъа сар карда барпо мешавад.

Бозори "Шоҳмансур" дар Душанбе
Дар Тоҷикистон нархи маҳсулотро таҳти танзими давлатӣ гирифтанд. Рӯйхат

«Аз 6-ум то 9-ум июл ҳарорати аз ҳама баланд дар ҷумҳури 43 дараҷаро ташкил медиҳад. Баландравии ҳарора дар ноҳияҳои баландкӯҳ ба обшавии ҷиддии барфу прияхҳо ва баландравии ҳаҷми об дар дарёҳо меоварад, ки ин дар навбату худ ба обхезиву ярч эҳтимолан мусоидат мекунад», — гуфт Умеда Юсуфӣ.

Дар ин холат кормандони КҲФ маслиҳат додаанд, ки сокинон дар гармии ҳаво ҳарчӣ бештар об нӯшанд, аз нӯшидани нӯшокиҳои газдор, ширин ва спиртӣ худдорӣ намоянд. Матоъҳои аз либоси пахтагин омода шударо ба бар намуда, аз либосҳои рангашон равшан худдорӣ намоянд.

Аз ҳама зиёдтар, ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҶТ, ҳаво дар вилоятҳои Хатлону Суғд гарм мешавад, ки дар он ҷо найчаи ҳароратсанҷ метавон 44°С нишон диҳад.

Дар пойтахти Тоҷикистон ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво танҳо ду дараҷа салқинтар мешавад. Дар Вилояти мухтори Бадахшони кӯҳӣ (ВМКБ) бошад мутахассисисон то +38°С гармиро пешгӯӣ мекунанд (аз ҷумлато +25°С кӯҳҳо).