Кушодашавии ботантанаи пули (кӯпруки) мошингарди нав дар даромадгоҳи мавзеи дурдастарини ноҳияи Деваштич деҳаи Метк (пешина Кистақӯз) дар вилояти Суғди Тоҷикистон рӯзи панчшанбе, 5 июл, бо иштироки шахсони расми гузашт.

Йоги тоҷик сокинони Новокузнетскро бо шиками «оҳанинаш» қоил кард
Йоги тоҷик сокинони Новокузнетскро бо шиками «оҳанинаш» қоил кард (Видео)

Дар ин бора маркази матбуоти кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҶТ хабар дод.

Кӯпруки нав дар наздикии мактабу чанд хонаҳои истиқоматӣ сохта шуд, роҳе, ки онҷо ҳаст, ҳангоми боришот ва сел ба сокинон хатар эҷод мекард.

«Пули мазкур бо иқдоми неки бонуи 80 солаи деҳа Маҳтобхон Фозилова ба истифода дода шуд. Маҳтобхон 70 ҳазор сомонӣ маблағи пасандозашро, ки бо нияти зиёрати Хонаи Худо ҷамъоварӣ намуда буд, барои сохтани пул ҳадя кард», — хабар дод манбаъ.