Сокинони Тоҷикистон, дар навбати аввал аҳолии шаҳру марказҳои ноҳияҳоро, ӯҳдадор кардаанд, ки барои боми хонаҳо худ як рангро, ки барои тамоми ҷои аҳолинишин интихоб карда мешавад, истифода баранд.

Ҳадафии асосии ташаббус, ки онро мақомоти расмии ҷумҳурӣ аллакай ба раисони шаҳру ноҳияҳо дастур додааст, — зебо гардонидани кӯчаҳои марказӣ то 30-солагии истиқлоляти ҶТ, ки моҳи сентябри соли 2021 таҷлил гирифта мешавад, мебошад.

Раҳмон дар бораи пастшавии сатҳи фақри шадид дар Точикистон хабар дод
Раҳмон дар бораи пастшавии сатҳи фақри шадид дар Точикистон хабар дод

«Пеш аз ҳама мақсади мо ободонии марказҳои ноҳияҳо аст. Маҳаллаҳои навбунёд бояд бомпӯши якранга дошта бошанд. Иҷрои дастур барои маҳаллаҳои маркази ноҳияҳо ҳатмист. Ба сокинон фаҳмонда медиҳем, ки онро риоят кунанд», — гуфт рӯзи 5-уми июл ба «Радиои Озодӣ» мудири шӯъбаи шаҳрсозии Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ ​Файзулло Искандаров.

Раҳбарони маҳалҳо метавонанд яке аз рангҳо, масалан, сабз ё сурхро, интихоб кунанд ва сокинон он маҳал муваззаф мешаванд, ки боми хонаи худро бо бомпӯшҳои ранги интхобшуда бипӯшонанд.

Аз ин баъд, гуфт ӯ, бомпӯшҳои маъмулӣ ба мисли шифер, ки дар байни тоҷикистониён оммавӣ ва хеле маъмул аст, истифода бурдан мумкин нест, «зеро хокистаррангу бенур ва зишт» ҳастанд.

Ҳоло дар бозорҳои сохтмонии кишвар бомпӯшҳои тунукагии арзони чинӣ паҳн шудаанд, ки онро сокинони ҶТ барои хонаҳои худ истифода мебаранд, аммо ҳамаи он бомҳо албатта якранг нест.

Дар борачи чораҳо эҳтимолӣ нисбати касоне, ки аз ин ташаббус норозогӣ баён метавон кард (масъалан бо сабаби ба наздикӣ бомашонро нав карданашон ё маблағ надоштанашон), чизе маълум нест.

Бозори "Шоҳмансур" дар Душанбе
Дар Тоҷикистон нархи маҳсулотро таҳти танзими давлатӣ гирифтанд. Рӯйхат

Барои бомпӯш кардани як хонаи миёнаи 100 метри мураббаъ, ба хисоби дуредгари тоҷик Иброҳим Салимӣ, аз 15 то 20 ҳазор сомонӣ (1,6–2,2 ҳазор доллари ИМА ё 103–137 ҳазор рубли русӣ ба қурби Бонки миллӣ аз 10.07.2018) лозим аст. Ду сеяки ин маблағ, гуфт ӯ, барои масолеҳи сохтмонӣ ва мондагиаш барои кори усто сарф мешавад.

«Агар ман 20 ҳазор сомонӣ медоштам, як гӯшаи рехтаи хонаро таъмир мекардам. Ё барои бачаҳоям либос мехаридам. Намедонам, сурх ё сабз шудани боми хонаи ман барои давлат чӣ манфиат дорад?», — иброз дошт сокини 56-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Шӯҳрат.

Ӯ дар хонаи меросӣ зиндагӣ дорад ва боми хонааш шиферӣ ва тираву ба қавли мақомот «зишт аст», мегӯяд, агар ӯро маҷбур ҳам кунанд, пули тағйир додани боми хонаро надорад.

Ташаббуси мақомоти расмии Тоҷикистон тарафдорони худро ҳам доранд, ки ба фикри онҳо баамалбарории ин кор намуди зоҳирии шаҳру маркази ноҳияҳоро зебову дилнишин мекунад.

Ба сокинони якчанд мавзеъҳои аҳолинишин, ки дар наздикии Душанбе чойгир ҳастанд, ҳокимиятҳои маҳаллӣ аллакай огоҳӣ до­даанд. Раҳбарони шаҳру ноҳияҳо барои назорати ин дастур ӯҳдадор шудаанд.

Йоги тоҷик сокинони Новокузнетскро бо шиками «оҳанинаш» қоил кард
Йоги тоҷик сокинони Новокузнетскро бо шиками «оҳанинаш» қоил кард (Видео)

Айни замон аҳолии Тоҷикистон камбағалтарин дар байни давлатҳои собиқиттифоқ ба хисоб меравад — қариб хар сеюм сокини ҷумҳурӣ камбағ аст, аз он ҷумла ҳар ҳафтум дар фақри шадид зиндагӣ мекунанд, гуфт ҳафтае пеш сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Рақамҳои монандро кумитаи статистикии ИДМ ҳам меоварад, ки ба маълумоти он сокинони Тоҷикистонро метавон дар назар бо дигар давлатхо Иттифок аз хама нимгурусна (недоедающий) номид.