Рӯзноманигор Хайрулло Мирсаидов, ки солҳои охир ҳамчун роҳбари дастаи КВН «Тими Тоҷикистон» фаъолият мебурд, ба 12 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Маршрути парвози рейси 7J646 ширкати ҳавопаймоии Tajik Air Москва–Хуҷанд, ки 2 июли соли 2018 дар фурудгоҳи Домодедово нишасти изтирорӣ кард
Нишасти изтирории хатсайри Москва–Хуҷанд дар Домодедово. Тафсилот

Карори мазкур дар анҷоми мурофиаи маҳакама, ки рӯзи чоршанбе, 12 июл, дар шаҳри Хуҷанд (вилояти Суғд) таҳти раёсати муовини раиси суди шаҳр Ҷӯрахон Раҳмон гузашт, бароварда шуд.

«Агар айбдор зиёни ба давлат расонидааш дар ҳаҷми 123 913 ҳазор сомониро бармегардонд, аз ҳукми зиндон халос мешуд», — гуфт Ҷӯрахон Раҳмон.

Лекин ба ҳар ҳол, ба Мирсаидов лозим меояд, ки ин маблағро ба давлат пардохт намояд.

Хайрулло Мирсаидов аз рӯи ҳамаи айбномаҳои пешниҳодшуда — моддахои 25 (Азхудкунӣ ё камомади воситаҳои давлатӣ), 340 (Сохтакории ҳуҷҷатҳо) ва 346-и (Дидаву дониста маълумоти бардурӯғ додан) Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳкор эътироф гардид.

«Мутобиқи моддаи 245 ба ӯ бояд ба 10 соли зиндон муқаррар кард, мутобиқи моддаи 340 — 3 сол, мутобиқи моддаи 346 — 3 соли дигар. Дар маҷмӯъ ба ӯ 13 соли ҷазои ҳабс дар зиндони низомаш пурзӯр талаб дорем», — гуфт дар сухани хотимавиаш додситони давлатӣ Рауфхон Ализода.

Раҳмон дар бораи пастшавии сатҳи фақри шадид дар Точикистон хабар дод
Раҳмон дар бораи пастшавии сатҳи фақри шадид дар Точикистон хабар дод

Ҳамин тавр маҳакама дархости муддайро қариб ба пуррагӣ иҷро кард.

Мирсаидов дар сухани вопасинаш гуфт, ӯ пулҳои аз буҷа барои КВН ҷудогардидаро ба манфиати худ масраф накардааст. Ӯ дар шарҳи 124 ҳазор маблағҳои ба қавли мақомти тафтишотӣ, «ғайримақсаднок масрафгардида”»гуфт, ки гоҳе аз рӯи зарурат маблағро барои пӯшонидани хароҷоти аз қабл пешбининашуда барои КВН дар Русия истифода кардааст. Вале мақомоти санҷиш баръзе чекҳои ӯро қабул накарданд. Айни замон ӯ қисман гуноҳи худро эътироф кард, аммо айбдории худро дар маълумоти бардурӯғ додан ба пуррагӣ рад мекунад.

Маҳакама, ба гуфти ҳимоягари айбдор Дилафрӯз Самадова, дар ҳеҷ яке аз айбномаҳои пешниҳодшуда гуноҳи Мирсаидовро исбот карда натавонист.

«12 сол ҷазои хеле сангин аст ва мо ният дорем, ки аз болои ин ҳукми суд ба зинаи болоӣ шикоят барем», — изҳор дошт Дилафрӯз Самадова.

Манхараи шаҳри Истаравшани Тоҷикистон
Кумитаи сохтмони ҶТ: Боми хонаҳо дар шаҳру ноҳияҳо бояд якранг бошанд

Парвандаи ҷиноии Хайрулло Мирсаидов мавриди тафтиши прокуратураи вилояти Суғд қарор гирифт. Аз 5 декабри соли гузашта ӯ дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешавад. Муҳлати боздошт пешакии ӯ ду маротиба дароз карда шуд.

Моҳи ноябри соли гузашта ӯ ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо дархости таваҷҷӯҳ ба мушкилоти дастаи ҳозирҷавобон дар натиҷаи «фасодзадгии мансабдорони вилояти Суғд» муроҷиат кард. АМмо  5 декабри соли гузашта худ аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд боздошт шуда, 8 декабр нисбати ӯ бо чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд.