Тифле бо вазне, ки барои Тоҷикистон рекорд метавон ҳисоб кард, дар таваллудхонаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, ки 175 км дуртар аз Душанбе воқеъ аст, ба дунё омад.

Кӯдак рӯзи якшанбе, 8-уми июл, бо буришӣ қайсарӣ ба дунё омада, 8 кило вазну 60 сантиметр қад дошт, аммо дар бораи ин рӯйдод танҳо рӯзи панҷшанбе, 8-уми июл, маълум шуд.

Муҳоҷирон дар панҷ моҳи соли 2018 ба буҷети Маскав 7,7 млрд рубл пардохтанд
Муҳоҷирон дар соли 2018 ба буҷети Маскав 7,7 млрд рубл пардохтанд

Нишондодҳои навзод ба вазну қади кӯдаки чаҳормоҳа муносиб ҳастанд.

Рӯзҳои аввал бинобар азимҷусса будан, саломатии тифл миёнаи вазнин арзёбӣ мешуд, аммо бо гузашти чаҳор рӯз, сиҳатии кӯдак мӯътадил аст. Аммо бо гузашти ин вақт ӯ каме вазнашро партофт ва ҳоло 7,2 кило дорад, хабар медиҳад «Радиои Озодӣ» бо ишора ба табиби навзодони таваллудхона Рухсорамо Муродова.

Дар таърихи Тоҷикистон, ба гуфти ӯ, чунин тифл бо ин вазн ба қайд гирифта нашудааст.

«Аз сабабе, ки бисёр азимҷусса буд, мо аз кисларот истифода мебурдем, вале ҳозир дигар худаш мустақилона нафас мегирад. Дар рӯзи таввалуд шудан ҳашт килограм буд, аммо бо гузашти чаҳор рӯз ҳоло вазнашро партофта, 7,2 килограм шудааст. Ростӣ, ман 20 сол шуд дар ҳамин таваллудхона фаъолият дорам, бори аввал таваллуд шудани кӯдакӣ ҳашткилограмаро дидам», — мегӯяд Рухсорамо Муродова.

Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ
Дар коинот ситораеро бо номи шоираи тоҷик номиданд

Вазни миёнаи нормалӣ, ба гуфти ӯ, то 4 килограм ҳисоб мешавад, аз он зиёд — калонҷусса, аз 5 кило зиёд — азимҷусса.

Барои модари навзод Таҳмина Одинаеваи 30-сола, сокини деҳаи Корези ҷамоати Зиракии Кӯлоб, ин панҷум фарзанд мебошад — чор фарзанди дигараш бо вазни аз 3,8 килограм то 4,5 килограм таваллуд шудаанд. У мегӯяд, ки бо вуҷуди вазнин будани тифл дар батнаш, бовар надошт, ки писараш 8 килограм ба дунё меояд.

Ба он падари серфарзанд Искандаршоҳ Худойназаров ҳам бовар надошт.

«Вақте гуфтанд, ки фарзандат қариб 8 килограм ҳаст, бовар накардам, баъд аз наздик рафта дидан бовар кардам. Ман ростӣ, таваллуди тифли то 6-килограммаро шунида будам. Ҳатто баъзе сегонику чоргоникҳо 7 килограм вазн надоранд, аммо ин кори Худо ҳаст ва ин шояд дар дунё рекорд бошад», — гуфт Искандаршоҳ Худойназаров.

Раҳмон дар бораи пастшавии сатҳи фақри шадид дар Точикистон хабар дод
Раҳмон дар бораи пастшавии сатҳи фақри шадид дар Точикистон хабар дод

Ба фикри ӯ, шояд писараш аз пушти бобокалонаш рафтааст, чун бобокалонаш як марди боҳайбат ва гуштигир будааст.

То ҳол таманиёте тарафи шаҳрдорӣ наомадааст, мегӯяд ин падар, вале умедвор аст, ки ба наздникӣ муборакбод мекунанд, зеро ба мӯҳтоҷи кӯмаки ҳукумат аст — фарзанди бузургаш маъюб буда, ба нигоҳубини ҳамсараш эҳтиёҷ дорад, аммо дар сурати кӯмак ба онҳо аз сӯи ҳукумати маҳаллӣ, дигар эҳтиёҷ ба парастор киро кардан намемонад. Худи Худойназаров зиндагии фақирона дошта, ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад ва зиндагииашро бо пули муҳоҷират мечархонад.

Номи писарашро ӯ мехоҳад Додихудо гузорад ва умед дорад, ки фарзандаш бузург шуда, як паҳлавони номдор ва номбардорӣ ватан мешавад.

Дар Тоҷикистон одатан таваллуди навзодон дар маҷмӯъ бо вазни аз 1,5 то 5,5 килограм ба қайд гирифта мешавад.

Пул. Расми тасодуфӣ
Пул ба ҷои хаҷ: Тоҷикзани 80-сола ҳама маблағашро ба сохтани кӯпрук дод

Навзодоне бо вазни 7,2 (ва ҳатто 8) килограм дар ин рӯзҳо ғайримуқаррарӣ нестанд. Масъалан, дар Русия, соли 2007 дар Алтайский край духтарчае ба дунё омад, ки 7,75 кило вазн дошт (рекорд барои Русия сабт шуда буд) — ин тифл ҳам дар оилаи серфарзанд таваллуд шуда, дар он 11-ум кӯдак буд.

Рекорди мутлақ соли 2012 дар Хитой ба қайд гирифта шуд, ки он сол дар шаҳри Синсян Ван Юҷуни 29-сола писарчае бо вазни 17,04 кило таваллуд кард.

То он сол рекорди мутлақи пештара якуним аср истодагарӣ кардан — соли 1879 дар Огаёи ИМА писарчае ба дунё омада буд, ки 10,8 килограм вазн дошт, аммо якчан соат баъди таваллуд шуданаш фавтид.