Ҳамаи ходимони динии Тоҷикистон бояд тамошои осорхонаҳои ҷумҳурӣ раванд, то ин ки аз таъриху фарҳанг ва расму оинҳои миллии мардуми худ огаҳии хуб дошта бошанд.

Дар бораи ба «Радиои Озодӣ» рӯзи панҷшанбе, 12-уми июл, сухангӯи кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ Афшини Муқим хабар дод.

Раҳмон дар бораи пастшавии сатҳи фақри шадид дар Точикистон хабар дод
Раҳмон дар бораи пастшавии сатҳи фақри шадид дар Точикистон хабар дод

«Ходимони дин ба донистани таъриху фарҳанг ва расму оини мардуми худ ӯҳдадоранд. Омӯзиши сарчашмаҳои худ аз он чумла метавон барои ақоиди динии дигар халқҳоро дарк кардан ёрӣ расонад», — гуфт Афшини Муқим.

Осорхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе аллакай чанд гурӯҳи аввали ходимони диниро аз пойтахт, шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб қабул кард. Ҳамаи онҳо зиёрати худро маъқул донистанд.

«Масалан дар бораи Зардушт (дини Зардуштӣ дар Тоҷикистон до дини Ислом машҳур буд — Эзоҳ аз ҳайати таҳририя) бисёр шунида будам, вале имрӯз бори аввал акси ӯро дидам. Инҷо бисёр чизҳои таърихӣ дорад, ки аз тамошои он барои худ маълумоти зиёд мегиред. Аз ин пас тамошои ин осорхона ҳамроҳ бо хонавода ҳам омадан хуб аст», — изҳор дошт имоми намози панҷвақта аз шаҳри Турсунзода Муҳаммадҷон Аминов.

Ӯ дар гурӯҳи иобрат аз 116 ходимони динии ноҳияи Варзоб буд, ки ба як рӯз пеш Осорхонаи миллӣ рафта буд.

Манхараи шаҳри Истаравшани Тоҷикистон
Кумитаи сохтмони ҶТ: Боми хонаҳо дар шаҳру ноҳияҳо бояд якранг бошанд

«То имрӯз ба мардум аз дину диёнат мегуфтем ва акнун метавонам дар бораи таърих ва боигариҳои Тоҷикистон дар мавъизаҳоям бигӯям», — баён кард сархатиби шаҳри Турсунзода Абдумуталиб Ҳақназаров, ки ба гуфташ, аз ин пеш борҳо ба тамошои Душанбе омада буду, аммо танҳо имрӯз фаҳмид, ки дар ин осорхона тамоми намунаҳо аз сарватҳои табии кишвар ба намоиш гузошта шудааст.

Ба дастур натанҳо чаҳор ҳазор рӯҳонӣ, ки вазифаи имом ва имом-хатибро дар масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъи кишвар бар дӯш доранд, муаззаф шуданд, балки намояндагони дигар мазҳабҳои амалкунанда дар қаламрави Тоҷикистон низ дахл хоҳад дошт.

Боздиди рӯҳониён аз осорхона дар ҳолест, ки дар гузашта мақомот ин қишри ҷомеаро ба тамошои намоишномаҳои театрӣ ҷалб карда буданд. Қаблан як гурӯҳи имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ аз ноҳияҳои гуногуни кишвар дар Театри давлатии драмавии ба номи Лоҳутӣ аз рӯи пйесаи нависанда ва драматурги тоҷик Мансур Суруш асари саҳнавии «Обу оташ»-ро тамошо карданд.

Пул. Расми тасодуфӣ
Пул ба ҷои хаҷ: Тоҷикзани 80-сола ҳама маблағашро ба сохтани кӯпрук дод

Аз соли 2014 имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъи кишвари Тоҷикистон аз буҷаи давлатӣ маош мегиранд: имомхатибони масҷидҳои панҷвақта — 1,5 ҳазор сомонӣ (159 доллари ИМА ё 9,9 ҳазор рубли русӣ ба қурби Бонки миллӣ аз 13.07.2018), имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ — 800 сомонӣ (85 доллари ИМА ё 5,3 ҳазор рубл). Айни замон роҳбари Шӯрои уламои Маркази Исломии ҶТ Саидмукаррам Абдуқодирзод ҳам аз давлат маош мегирад, ки он 2 ҳазор сомонро (212 доллари ИМА ё 13,2 ҳазор рубл) ташкил медиҳад. Намояндагони дигар динҳо ва ходимони динии мусалмоние, ки соҳиби дигар мансабҳо дар масҷидҳо ҳастанд, аз буҷа маош намегиранд.