Нахустин бор дар Тоҷикистон байни дастаҳои бонувон мусобиқаи футбол ташкил карда мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуотии ФФТ.

Маросими қуръакашии якумин қаҳрамонии кишвар миёни бонувон рӯзи душанбе, 25 июн, дар бинои федерасияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

«Дар аввалин Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон, ки 4 июл оғоз мегардад ва 6 сентябр ба итомом мерасад, шаш даста иштирок мекунанд», — омадааст дар иттилоъ.

Кушодашавии ҷашнвораи ҳаводорони Ҷоми футболи ҷаҳон-2018 Fan Fest дар Душанбе, Тоҷикистон, 1 июли соли 2018
Ҷашнвораи ҷоми футболи ҷаҳон–2018 дар маркази Душанбе ифтитоҳ шуд

Дар ин сабқат дастаҳои «Зебонисо» (Душанбе), «Хатлон» (Бохтар), «Равшан» (Кӯлоб), «Суғд» (Хуҷанд), «Барқ Норак» (Норак) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) сабқат хоҳанд кард.

«ФФТ шаш дастаи бонувонро бо сару либос ва пояфзолҳои варзишӣ таъмин карда, инчунин хароҷоти сафари дастаҳо ва ҳаққи хизмати доваронро пардохт мекунад», — хабар дод манбаъ.

Мусобиқа танҳо дар ду марҳила баргузор мешавад.

Қаҳрамонии мамлакат як марҳилаи омодагии тими мунтахаби занонаи кишвар ба мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад. Тими мунтахаби футболи занони Тоҷикистон моҳи август дар Бозиҳои Осиё дар дар пойтахти Индонезия шаҳри Ҷакарта, ширкат кунанд.