Ҷашнвораи ҳаводорони ҷоми футболи ҷаҳон-2018 (Fan Fest) дар майдони 800-солагии Маскави Душанбе ифтитоҳ шуд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ҷашнвора аз ҷониби ФФТ ташкил шудааст. Дар майдони махсус омодашуда сабқатҳои ҷоми ҷаҳон дар экранҳои калон намоиш дода мешавад.

Раҳмон дар бораи пастшавии сатҳи фақри шадид дар Точикистон хабар дод
Раҳмон дар бораи пастшавии сатҳи фақри шадид дар Точикистон хабар дод

«"Фанфест" — ҷойи хубе барои тамошо ва ҳаводории тими дӯстдоштаи сокинон мебошад. Ҳаводорони футбол метавонанд дар ин ҷо ҷамъ омада, дастаҳои писандидаи худро дастгирӣ кунанд», — менависад дафтари матбуотии ФФТ.

Барои иштирокдорони ҷашнвора аскияҳои гуноун ташкил карда мешавад.

«Тамошобинон метавонанд, дар бозиҳои гуногун ширкат карда, тӯҳфаҳои хотирмон гиранд. Ҳамчунин ба нақша гирифта шудааст, ки барои ба даст овардани билет ба бозии плей-офф мусобиқа баргузор шавад», — меафзояд манбаъ.

Даромад ба ҷашнвораи Fan Fest ройгон аст.

© ФФТ
Кушодашавии ҷашнвораи ҳаводорони Ҷоми футболи ҷаҳон-2018 Fan Fest дар Душанбе, Тоҷикистон, 1 июли соли 2018