Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук ба хотираи Усмон Касанов, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон як ҳафта пеш гузашта буд, чор медал ба даст оварданд.

Хамаи мукофотҳое, ки намояндагони ҶТ бо худ бурданд, нуқра буданд. Соҳиби сетои он тими мунтахаби мардон шуданд, яктоашро намояндаи тими занон гирифт.

Кушодашавии ҷашнвораи ҳаводорони Ҷоми футболи ҷаҳон-2018 Fan Fest дар Душанбе, Тоҷикистон, 1 июли соли 2018
Ҷашнвораи ҷоми футболи ҷаҳон–2018 дар маркази Душанбе ифтитоҳ шуд

Ягона медали тими тоҷик дар байни занон нуқраи Кристина Пронженко дар дав ба масофаи 400 метр шуд.

Хамчунин сазовори ҷойҳои дуюм дар мусобиқа Григорий Дерипаскин дар қувваозмоии дав ба масофаи 400 метр, Одилшоҳ Исматов дар масофаи 800 метр ва Абдурауф Мӯсоев дар гурзандозӣ бо натиҷаи 58,60 метр шуданд.

Хамаги Тоҷикистонро дар ин мусобиқа11 нафар намояндагӣ карданд.

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук ба хотираи Усмон Касанов дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон 29-30 июни соли равонбо иштироки беш аз 400 варзишгари 11 давлат баргузор шуд.