Тими мунтахаби занонаи Тоҷикистон ҳарифони давраи гурӯҳии худро дар мусобиқаи футбол, ки дар доираи Бозиҳои Осиё–2018 дар Индонезия моҳи август баргузор мегардад, фаҳмид.

Маросими қуръакашӣ рӯзи панҷшанбе, 5 июл, дар пойтахти давлати-хӯҷаини мусобиқа, Ҷакарта, гузашт.

Ҳамин тавр, футболбозони тоҷик ба гурӯҳи В шомил шуданд, ки дар он бо дастаҳои занонаи Кореяи Шимолӣ, Чин ва Ҳонг Конг бозӣ хоҳанд кард. Ба гурӯҳи А дастаҳои Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Тайпейи Чин ва Малдив ва ба гурӯҳи С тимҳои Ҷопон, Ветнам ва Тайланд ворид шуданд.

Бачаҳо дар яке аз фаввораҳои Душанбе оббозӣ мекунанд
Ба Тоҷикистон гармии ғайримуқаррарӣ меояд. Эҳтимоли селу ярч баланд

Ҳамагӣ дар мусобиқаи футбол байни тимҳои мунтахаби занон 11 даста иштирок мекунанд.

Барои ба давраи плей-офф баромадан тими ҶТ набояд бадтарин дар гурӯҳи худ шавад, чунончи аз гурӯҳҳои A ва B се (аз чаҳор) даста ба чорякфинал роҳ меёбанд, аз гурӯҳи C бошад — ду тим.

Мусобиқаи футбол миёни бонувон дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 аз 16 то 31 август дар шаҳри Палембанги Индонезия доир мегардад.

Барномаи Бозиҳои Осиё-2018 аз 40 намуди варзиш иборат буда, кушодашавии он 18 август ва маросими пӯшидашавӣ 2 сентябр доир мегардад. Дар бозиҳо иштироки наздики 10 ҳазор варзишгар аз 45 давлати қора дар назар аст.