Раисҷумҳури Русия Владимир Путин Вазорати умури дохилаи кишвар ва Вазорати меҳнатро ӯҳдадор кард, ки Русия тартиби гирифтани иҷозатномаи иқомати муваққатӣ ва доимиро барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бидуни тобеият осон карда шавад.

Ин андоза нисбати нафароне, ки забони русиро хуб медонанд ва дар Русия кор ва зиндагӣ кардан мехоҳанд, қабул мешавад. Тартиботи мазкур аз моҳи январи соли 2020 ҷорӣ хоҳад шуд.

Муҳоҷирон дар панҷ моҳи соли 2018 ба буҷети Маскав 7,7 млрд рубл пардохтанд
Муҳоҷирон дар соли 2018 ба буҷети Маскав 7,7 млрд рубл пардохтанд

Раисҷумҳур ҳамчунин қайд кард, ки дар ҳолати зарурӣ ба қонунгузории Русия тағйирот ворид карда мешавад.

Дар назар аст, ки супориши Путин то 31 августи соли 2018 иҷро карда шавад.

Бори аввал дар бораи зарурати ин тағйиротҳо Путин дар рафти «Пахши мустақим» 7 июн таъкид кард. Раисҷумҳур дар посух ба суол дар бораи шаҳрвандии Русия гуфт, ки кишвар бояд ин равандро сода кунад.

«Ман боварии комил дорам, ки Русия бояд низоми гирифтани шаҳрвандиро пурра озод созад. Ин васила ҳам андозаи башардӯстона ва ҳам андозаи иқтисодӣ дорад», — таъкид кард Владимир Путин.